Баргузории ҷаласаи падару модарон дар Академияи ВКД
17 феврали соли 2024 дар факултети №6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ин муассисаи олии касбӣ, ҷаласаи падару модарон баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа муҳимтарин паҳлӯҳои фаъолияти курсантони факултети мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дастовард ва мушкилоти ҳар як курсант мавриди натиҷагирӣ қарор дода шуд.
Дар кори ҷаласа баромади пурмуҳтавои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. сурат гирифта, оид ба иштироки падару модарон дар раванди таълиму тарбияи фарзандон изҳори андеша намуда, ҳамоҳангии муассисаи таълимӣ бо волидонро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, оид ба масоили муҳимтарин дар самти омодасозии кадрҳои замони муосир, ки талаботи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати кишвар мебошанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Зикр карда шуд, ки забономӯзӣ, донистани таъриху фарҳанги аҷдодӣ ва содиқ будан ба касбу Савганд, яке аз шартҳои асосии ҷавобгӯи талаботи муосир будани мутахассис ҳисоб меёбад. Бо ин мақсад, назорати ҷиддии падару модарон ва ҳамоҳангии онҳо бо Академияи ВКД дар ҷодаи талаботи зикргардида, яке аз омилҳои муҳим маҳсуб меёбад.
Инчунин, сардорони Шуъбаи таълим ва факултети №6-и Академияи ВКД дар ҷаласа баромад намуда, атрофи ҳолати азхудкунии барномаҳои таълимӣ, саривақт супоридани маблағҳои шартнома, дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани санҷишу имтиҳонҳо, риояи интизоми хизматӣ, иштироки фаъоли курсантони факултет дар чорабиниҳои сатҳи гуногун, натиҷагирӣ аз муваффақиятҳо, инчунин ҳолатҳои вайрон намудани интизоми таълимӣ аз ҷониби баъзан курсантон, изҳори андеша намуданд.
Дар ин замина, барои интизоми намунавӣ, бо баҳои хубу аъло таҳсил намудан ва иштирооки фаъоли курсантон дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Академия, ба волидони курсантон Ифтихорномаҳо тақдим када шуд.
Дар анҷоми ҷаласа, аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД, Шурои кураторон ва садорати факултет ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд миёни волидон ва муассисаи мазкур дар таълиму тарбияи шогирдон, пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
Носир Назарзода, полковники милитсия