Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Пешвои миллат илҳомбахши халқи тоҷик ба сӯи ояндаи нек

691

Чун анъана Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад менамояд.

28-уми декабри соли 2023 Пешвои миллат бо Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ баромад намуданд. Роҳбари давлат дар муқаддимаи Паём иброз намуданд, ки новобаста, аз ваъзи мураккаби ҷаҳон, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ мардуми сарбаланди тоҷик бо комёбиҳои меҳнатӣ соли 2023-ро ҷамъбаст намуданд.
Паёми Пешвои миллат аз чанд қисматҳои муҳим иборат буд. Қисмати иқтисодӣ, дар ин қисмати Паём зикр намуданд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,3 % зиёд гардида, даромади буҷети давлатӣ 102.5% таъмин гардид. Суърати саноаткунонӣ тезонида шуда, дар ташаккули иқтисодӣ –иҷтимоӣ заминаҳо гузошта шуд. Музди миёнаи меҳнат2- маротиба ва нафақа 1.9 маротиба зиёд гардид.
Қисмати 2-юм, рушди соҳибкорӣ дар ин қисмат Пешвои миллат қайд намуд, ки шумораи субеъктони соҳибкорӣ аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардида, аз ҳисоби соҳибкорон 2-ҳазор корхонаву коргох 1380 иншооти соҳаи маориф 1213 муассисаи тандурустӣ сохта шуда, 11.5 км – ро ва 461-пул бунёду азнавсозӣ карда шуд. Маъсулоти саноатӣ 4.6 маротиба афзоиш ёфт.
Қисмати рушди энергетика, қайд карда шуд, ки сохтумони нерӯгоҳи Роғун идома ёфта нерӯгоҳи Себзор таҷдид гардид. Иқтидори энергетика 28%афзун гардид супориш дода шуд, ки агрегатери 3-юми Роғун соли 2025 ба истифода дода шавад.
Рушди соҳаи нақлиёт. Дар ин қисмат 58-лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷудо гардида, бояд роҳҳои Рушон-Шуғнон -Қулма Қарсу-Бохтар -Қабодиён- Айвоҷ, Шаҳритуз, сарҳади Ӯзбекистон ва дигарон таҷдиду таъмин гарданд.
Инчунин барқарорсозии роҳҳои Қаълаихум, Ванҷ, Рушон идома дода шаванд, роҳҳои Гулистон, Кӯлоб, Данғара ,Фархор, Панҷ, Дустӣ, пурра таҷдиду таъмин гардад, дар шаҳри Душанбе бояд 7-эстакадаи нав сохта шавад.
Рушди соҳаи маориф. Дар ин самт Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки падару модарон вазифадоранд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъсуляти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя намояд . З0% соҳаи маорифро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд , ин иқдом идома дода шуда, нақши занону духтарон дар пешрафти ҷомеа боз ҳам боло бардошта шавад .
Дар самти риояи қонуният, Пешвои миллат пешниҳод намуд, ки барои боло бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи меъёрҳои Конститутсия соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад .Дар самти робитаҳои хориҷӣ Пешвои миллат иброз намуд, ки Тоҷикистон чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешбарандаи сиёсати «дарҳои кушод» минбаъд ҳамтарафа тарафдори сулҳ буда, бо кишварҳои дигари Осиё, Аврупо ва Америка робитаҳои худро густариш медиҳад бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2025 соли байналхалқии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидааст, ки ин ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ Паёми Пешвои миллат рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳуриро дар бар гирифта илҳомбахши халқи тоҷик ба сӯи ояндаи нек маҳсуб меёбад.

Муаллим методисти қисми
таълимии факултети №2
Академияи ВКД ҶТ,
майори милитсия
Назирзода Р.Б.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...