Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Пешво – дастури раҳнамо ва ҳуҷҷати тақдирсоз

690

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳамчун сарвари сиёсӣ на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгони мардуми мо хизматҳои беназир кардаанд.

Дар ин радиф, нақши суханрониҳо, баромадҳо ва бахусус паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, хеле муассир ба шумор рафта, барои дар амал татбиқ намудани ҳадаф ва мақсадҳои дурбинонаи Ҳукумати кишвар, чун таҳкимбахши сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон баромад менамоянд.
Ҳадафҳои асосии Паёми 2023 Аз паём то паём ин баланд бардоштаи иқтидори иқтисодӣ ва дар ин замина вусъат бахшидани таъминоти иҷтимоии ахолии кишвар, такмили минбаъда ва ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳким бахшидани сиёсати байналмилалии Тоҷикистон аст. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун фаъолияти мақсаднок ва муназзами давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ бо мақсади муқовимат ба нигилизми ҳуқуқӣ ва таъмини раванди ташаккули маънавии шахс фаҳмида мешавад, ки бидуни он ғояи давлати демократиро амалӣ кардан мумкин нест.
Маърифати ҳуқуқӣ раванди мураккаб ва гуногунҷанба, ки ба ташаккули низоми донишҳои ҳуқуқӣ, яъне саводнокии ҳуқуқии насли наврас равона шудааст. Низоми маърифати ҳуқуқӣ ба шаклҳои фаъолият, ба монанди таҳсилоти ҳуқуқӣ, таблиғи донишҳои ҳуқуқӣ, шаклҳои намоишӣ асос ефтааст, маърифати ҳуқуқӣ ин шакли ташаккулёфтаи шуури ҳуқуқӣ буда, дар намуди саводнокии ҳуқуқии фард инъикос мегардад ва таъмини самараноки раванди он ба ташаккули маънавии ҳамаҷонибаи шахсият оварда мерасонад ва чун пояи асосии бунёди ҷомеаи демократӣ ва воситаи асосии ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахс баромад менамояд.
Яке аз заминаҳои эълон намудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ин:
Таъмини волоияти қонун ҳамчун меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ;
Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
Таъмин намудани амнияти мудофиавии кишвар аз раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ;
Таъмини беҳтарин шароити зиндагиву хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон.
Бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, дар якҷоягӣ бо МИҲД вилояти Суғд ҳамкориро бо қисмҳои ҳарбӣ вусъат бахшида чораҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидан лозим аст.
Иҷрои вазифаҳои дар партави сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳар як ҳуқуқшиносро зарур аст ба масъалаҳои зерин диққати аввалиндараҷҷа диҳад:
1. Дар руҳияи волоият ва эҳтироми қонун тарбия намудани насли навраси ҷомаеи муосир;
2. Мусоидат намудан ба таъмини бечунучарои амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз эҳтимолияти хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир;
3. Роҳандозӣ намудани чораҳои муосир ва замонавии таълим додани донишҳои ҳуқуқӣ барои донишҷӯёни равияҳои ҷомеашиносӣ;
4. Баланд бардоштани таълими ахлоқӣ - ҳуқуқии шахс дар ҷамъият.
Бояд таъкид созем, ки дар радифи факултети ҳуқуқшиносии кишвар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун замина ва пойдевори асосии ташаккули донишгоҳ эътироф шудааст.
Барои ҳамин моро зарур аст, ки ба баланд бардоштани сифати таълими фанҳои ҳуқуқӣ оид дар факултети ҳуқуқшиносӣ ва чӣ дар низоми фанҳои ҷомеашиносӣ эътибори махсус зоҳир намоем.
Вақте расидааст, ки дар донишгоҳ Клиникаи ҳуқуқӣ таъсис дода шавад.
Дар ҳамкорӣ бо МИҲД вилоят ва шаҳру ноҳияҳои таъсис додани гурӯҳҳои корӣ оид ба фаҳмонида додани волояити қонун, мубориза бо ҷиноятҳои экстремистӣ, террористӣ дар муассисаҳои ҳарбӣ.
Ҳар як ҳуқуқшиносро зарур аст ба ин масъала эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда саҳми худро барои амалишавии он гузорад.

Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, подполковники милитсия Муҳамадзода Наргиса Даврон

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...