Туҳфаи идона ба собиқадорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳар як ҷашн бо худ шукуҳу шаҳомати хоса дорад ва ҷашни Наврӯз низ аз ин истисно нест, зеро бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифт ва маҳз бо анъанаҳои хуб мақбули ҷаҳон гардидааст.
Ҳамасола дар арафаи иди Наврӯз ба оилаҳои ниёзманд бо мусоидати бевоситаи роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаку дастгириҳо сурат мегирад. Ва ин сол низ дар рӯзи таҷлили ин иди бошукуҳ бо дастгрии сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ омӯзгорони собиқадори ин муассисаи олӣ барои хизматҳои тӯлонӣ дар мақомоти корҳои дихилӣ, инчунин, саҳми аразанда гузоштан дар таълиму тарбияи кормандони ҷавон бо маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Яке аз омӯзгорони собиқадор, полковники мустақил Мирзоматов Абдураҳмон аз номи собиқадорон барои дастгирӣ ва ғамхорӣ ба роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона миннатдорӣ баён намуда, зикр кард, ки аз ҷониби Сарвари давлат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳар иду ҷашнвораҳо ба онҳо таваҷҷӯҳу ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Ва онҳо ҳамеша омодаанд, ки дар тарбияи насли ҷавони милитсия саҳми худро гузоранд.
Ш.Убайдуллоев
Х.Қодиров