Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023

684

Дар толори "КОХИ СУРУШ" бо ибтикории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 феврали соли 2024 маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023 аз рӯйи 5 номинатсия ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумита дар соли 2023 баргузор гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мансурӣ Дилрабо ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор дар қисмати расмии чорабинӣ суханронӣ намуданд.
Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст, ки имсол аз миёни беш аз 24 нафар довталабон 13 нафар беҳтаринҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият муайян шуда, ин ҷоиза дар фазои тантанавӣ ба онҳо супорида шуд.

685
Соли 2023 аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз миёни 72 нафар довталабон 20 нафар беҳтаринҳо муайян ва ғолибон дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонии нафарони дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023», «Беҳтарин волонтёри соли 2023» ва "Ҷоиза барои ҳамкорӣ" дар фазои мутантан сурат гирифт.
Ҳамасола аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир гардида, 3000 нафар беҳтаринҳо тибқи квотаи муқарраргардида аз рӯйи минтақаҳо ғолиб муайян гардида, давоми 9 моҳи соли хониш бо идрорпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. 10 нафар Ғолибони озмуни мазкур низ дар ин маросим қадрдонӣ карда шуданд.

686
Раиси Шурои ҷавонони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Раҷабалиён Абдулҳаким, ки бо 50 нафар курсантон-аъзоёни Шуро дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд аз ҷониби Комиссияи озмуни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии бо ДИПЛОМ сазовор гардонида шуд.
Шурои ҷавонони Академияи ВКД қариб, ки ҳамасола барои дастовардҳояш бо мукофотҳо сарфароз мегардад, ки ин маҳз аз натоиҷи заҳмату ранҷи масъулини соҳа дарак медиҳад.

Носир Назарзода, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...