Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рукнҳои асосии варзиш ва аҳамияти он барои ташаккули инсон

 681

Варзиш – як рукни ҷисмонӣ буда, дар шакли таҷрибаи махсус омодагии инсон ба мусобиқот ва фаъолияти мусобиқавӣ ба даст овардани натиҷаҳои варзишӣ ташаккул ёфтааст.
Барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ, варзишгар бояд аз ҳама тарафҳои машқварзӣ: ҷисмонӣ, техникӣ, тактикӣ, психологӣ ва назариявӣ омода бошад. Ва омодагии варзишгар оиди тарбияи тарафҳои машқварзӣ дар мусобиқаҳо бараъло намоён мегардад.
Ҳама тарафҳои тарбияи машқварзӣ бо ҳам алоқамандии зич доранд.
Варзишгарон ва дастаҳое, ки ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил мегарданд, дорои ҳама тарафҳои машқварзӣ ва сифатҳои ҷисмонӣ мебошанд.
Тарафҳои машқварзии варзишӣ
Тарбияи машқварзии варзишӣ аз гузашта шудани тайёрии ҷисмонӣ, техникӣ, тактикӣ, психологӣ ва назариявӣ вобаста аст. Ин роҳҳо аз якдигар вобастагии калон дорад. Лек ҳаҷми ин ё он тарафи тайёрӣ аз хусусияти намуди варзиш вобаста аст.
Тайёрии ҷисмонӣ

682
Тайёрии ҷисмонӣ шартан ба тайёрии умумии ҷисмонӣ ва махсуси ҷисмонӣ тақсим мешавад.
а) Тайёрии умумии ҷисмонӣ ин ҳамчун тайёрии зинаи аввали варзишгар фаҳмида мешавад, таъмини мустаҳкамкунии саломатӣ, тарбияи ҳаматарафаи ҷисмонӣ, дар ин ё он намуди машқҳо дар мусобиқаҳо мебошад.
Бо ёрии тайёрии умумии ҷисмонӣ ду вазифаи асосӣ ҳал мегардад.
1. Тайёрӣ ба фаъолияти баланди меҳнатӣ истеҳсолӣ ва муҳофизати Ватан мебошад. Ҳар як варзишгар пеш аз ҳама шаҳрванди ватани худ мебошад, барои ҳамин вай бояд худро аз ҳама ҷиҳати сифатҳо барои иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ омода созад.
2. Амали ҳаракати дар як намуди интиқолӣ барои зиёдтар шудани натиҷаҳои варзишӣ дар сатҳи ҳозира аз иҷроиши потенсиали қобилияти организм вобастагӣ дорад.
Иҷроиши қонуниятҳо дар равиши машқварзӣ мумкин нест, фақат роҳи мусобиқавӣ, машқварзӣ бе воситаҳои тайёрии умумии ҷисмонӣ:
1. Мувофиқи ҷисмонӣ бояд кумак расонанд, барои саломатӣ ва шакли муайян даровардани ба зиндагӣ амалиёти ҳаракатӣ дар давиданӣ, шиноварӣ, ҷаҳидан ва ғайраҳо якҷоя инкишоф ёфтани сифатҳои ҳаракат ва дар охир мукаммал кардани «функсия»-и вазифаи ҳама органҳо ва системаи организм.
2. Воситаҳои тайёрии умумии ҷисмонӣ бояд сифатҳои ихтисоси варзишгарро як намояд.
Барои ҳамин гуна машқҳои тайёрии ҷисмонӣ интихоб бояд намуд, ки аз як тараф таъмини тарбияи ҳаматарафаи ҷисмонӣ, аз тарафи дигар аз руи принсипи фоидаи мусбати мусобиқаи машқварзӣ.
Шаклҳои намуди воситаҳои тайёрии умумии ҷисмонӣ, воситаҳои қоидахои асосиро риоя мекунад.
Назарияи муосири ҳозира таҷрибаи машқҳои варзишӣ нишон медиҳад, ки тайёрии умумии ҷисмонӣ бояд дар ҳама фаслҳо «циклҳо»машқварзии солона ва дар ҳар як «цикл»-и доираи бисёр солаи машқварзӣ бошад.
Тайёрии махсуси ҷисмонӣ
Ин равиши инкишофи он сифатҳои ҳаракатӣ ва ба шакли муайян даровардани он малакаҳои ҳаракатие, ки руи рост акси хусусияти намуди варзишро нишон медиҳад ва кумак мерасонад, ба вазифаҳои мукамалкунии организми варзишгарӣ тайёрии техникӣ, тактикӣ ва психологии он.
Тайёрии махсуси ҷисмонӣ ба тайёрии умумии ҷисмонӣ такя намуда, роҳҳои инкишофи ба ихтисоси варзиши сифатҳои ҳаракатӣ ва азхудкунии машқҳои мусобиқавӣ мебошад.
Воситаҳои махсуси тайёрии ҷисмонӣ инҳоянд: ҳамаи машқҳои махсуси тайёрӣ. Чӣ қадар наздиктар машқҳои махсуси тайёр аз рӯйи характер ба мусобиқавӣ наздики ва синхронӣ ба натиҷаҳои варзишӣ амал мекунанд. Ба машқҳои махсуси тайёрӣ даровардани машқҳои мусобиқавӣ бояд ба расиши вазифаҳои машқварзӣ ҷавобгӯ бошад.
Тайёрии техникӣ
Тайёрии техникӣ – ин равиши аз худ намудани техникаи машқҳои мусобиқавӣ мебошад.
Мақсади он ба шакли муайян даровардани ҳаракат, малакаю маҳорат дар зинаи баланди асоси фаъолияти ҳаракатӣ дар ихтисоси варзиш мебошад.
Воситаҳои тайёрии техникӣ – ин машқҳои мусобиқавӣ мебошад.
Машқҳои алоҳида барои амали гардидани он базаи муайян месозанд.

683
Бо ин мазмуни тайёрии ҷисмонӣ варзишгар барои мукамалгардонии техникӣ муайян мегардад.
Ҳаҷм ва мазмуни тайёрии техникӣ бо мақсади машқ кардан дар давраҳои гуногун. Мисол: дар доираи тайёрии махсус ба мусобиқаҳо ҳаҷм бисёр мешавад, аммо мазмун тағйир меёбад, ба тарафи воситаҳои ихтисосӣ, услуби омӯзиш ҳамавақт такмил дода мешавад, аммо чи хеле, ки муайян карда шудааст, тайёрии техникии варзишгар қафо мемонад аз имкониятҳои варзишӣ.

Тайёрии тактикӣ
Ҳамчун равиш ба шакли муайян даровардани системаи намудҳои бурдани қувваозмоии варзишӣ дар мусобиқаҳо мебошад.
Дар натиҷаи тайёрии техникии варзишгар воситаҳоро аз худ намуда, барои иштирок кардан дар мусобиқаҳо.
Дар натиҷаи тайёрии тактикӣ – варзишгар бо маҳорат санҷишро аз худ намуда, дар шароитҳои дигаршавии муборизаҳои варзишӣ, дар мусобиқаҳо бояд омода бошад.
Дар якҷоягӣ тайёрии тактикӣ бо ду роҳ бурда мешавад: кор кардани нақшаи план дар вақти мусобиқаҳо бо ҳисоби имкониятҳои худи хусусияти ҳарф ва шароити мусобиқа, ҳамчунин аз шаклҳои малакаҳои тактикӣ, эҷодкорона амалӣ кардани амали нақша.
Бо муаффақият бо ин дар вақти тайёрии тактикӣ вазифаи зерин бояд дида баромада шавад.
Вазифаи тайёрии тактикӣ
1. Аз худ намудани тактикаи асосӣ барои ҳамаи намуд ихтисоси интихобкардашуда.
2. Шинос шудан бо тактикаи нави варзишгарони беҳтарин.
3. Аз худ намудани дараҷаи тайёрии варзишгарони «беҳтарин» ҳариф.
4. Шинос шудан бо шароити ҷойи гузаронидани мусобиқаҳо.
5. Дида баромадани нақшаи тактикии мусобиқаҳои дар пеш истода.
6. Аз худ намудани қоидаҳои тактикӣ ва комбинатсияҳои онҳо.
7. Бо ҳарифи худ расонидани фишори психикӣ (руҳӣ).
8. Таҳлили мусобиқаҳои гузашташуда, бо сифати иҷроиши тактика дар мусобиқаҳо, хулоса ва пешниҳодҳо.
Иҷроиши вазифаҳои дар боло зикршудаи тайёрии тактикӣ ин асоси тарбияи тактикӣ, фикрӣ буда, фаъолияти тез азхудкунӣ ва дуруст баҳо додан ба равиши муборизаҳои варзиши эҷодкорона ва саривақт ҳал намудани вазифаҳо.
1. Тайёрии умумии психологӣ, ки ҳамаи давраҳои машқварзиро мегузарад, равона карда мешавад. Ба тарбияи варзишгар ҳамчун гражданин ва тарбия, ки боиси машқкунии ҳамавақта барои ба даст овардани натиҷаҳои варзишӣ, тарбияи меҳнатӣ, фоидаи ҷамъиятӣ, аз бар кардани душвориҳо ва аз худ намудани этикаи варзишӣ мебошад.
2. Тайёрии психологӣ дар мусобиқаҳо амалӣ карда мешавад. Дар мусобиқаҳое, ки ба наздикӣ гузаронида мешавад ва аз нигоҳи тайёрии баланди психологӣ барои муборизаи варзишӣ ва шароити он, ки мусобиқаҳо гузаронида мешавад, омода бошад.
Ин қисми тайёрии психологиро мумкин аст, ҷудо кардан аз равиши машқварзӣ, бо меъёрдорӣ ва назораткунӣ.
Дигар ҷанбаҳои инкишофи сифатҳои ахлоқӣ, фикркунӣ амалӣ мегарданд, дар равиши тайёрии ҷисмонии техникӣ ва тактикӣ.
Меъёри сатҳи тайёрии махсуси варзишгар инҳоянд: устувории баромадҳо дар мусобиқаҳо, бештар аз муваффақиятҳои хусусияти системаи асаб, хусусияти ихтисоси варзиш, вобаста аст.
1) Меъёри коршоями дар шароитҳои махсуси душворӣ, машқҳои мусобиқавӣ.
2) Мувофиқати сифатҳои психикии варзишгар аз талаботи тайёрии техникӣ ва тактикӣ, машқҳои ҷисмонӣ, пешниҳоди гуногуни талаботҳо ба сифати фикр, (фикри оперативӣ), чусту чолокӣ, тезӣ, ҳаракати аниқ, хоҳиши фикркунӣ ва ғайраҳо.
Тайёрии психологӣ боз дар бар мегирад: тайёрии ахлоқӣ, иродавии варзишгарро, тарбияи ба худ боварӣ доштан ва далерию ҷасуриро. Тарбияи ҳамаи сифатҳои психологӣ дар протсеси фаъолияти таҷрибавӣ бисёр хуб мегузарад, дар мусобиқаҳо ва машқварзиҳо душвортар мебошад. Варзишгароне, ки дар мусобиқаҳо бисёр иштирок мекунанд, дар худ истодагарии психологӣ пайдо мекунанд. Варзишгароне, ки хоҳиши ба мусобиқаҳо ва машқварзӣ иштирок карданро надоранд, онҳо дар ҳолати тайёрӣ нестанд.
Тарбияи зарурии сиратҳо бояд на фақат дар машқварзӣ, балки дар ҳама даври ҳаёти иҷтимоӣ, меҳнат ва таълим гирифта шавад.
Характеристикаи умум, дар бораи системаи тайёрии варзишгар ба мустақили ихтисоси варзишӣ мақсади умумии тайёрии варзишгар дар инкишофи фаъолияти рӯҳиву ҷисмонӣ дида мешавад.
Дар раванди тарбия ва тайёрии варзишгар се гурӯҳи вазифаҳо ҳал карда мешавад. (Л.М.Матвеев).
1. Вазифаи рӯҳӣ – ахлоқӣ, эстетикӣ, интелектуалӣ, тарбия ва вазифаҳои махсуси тайёрии рӯҳӣ.
2. Вазифаҳо дар доираи тайёрии ҷисмонӣ.
3. Вазифаҳо дар доираи тайёрии техникӣ ва тактикӣ.
Тартиби тайёрии варзишгар ба худ равишҳои зеринро дорад: зурозмоӣ ҳамаи воситаи тайёрии машқварзии варзишӣ, таълимӣ ва ахборотӣ.
Саъдуллозода К.С., муаллими кафедраи ТМ ва ОҶ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...