Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дов - филмест диданибоб!

679Рӯзҳои 6-7-уми феврали соли равон дар толори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши филми “ДОВ”, истеҳсоли “СУҒДСИНЕМА” идома дорад. Аллакай дар ду рӯз беш аз 1000 нафар омӯзгорону курсантон онро дидан карданд.

Дар оғози филми мазкур муаллифони филм Бахтиёр Каримов ва Муҳиддини Музаффар бо тамошобинон мулоқоти судманд ба амал оварданд. Дар баромадҳояшон онҳо дар бораи мазмуни филм, мақсаду ҳадафҳо, саҳми коргардонҳо, рассомон, ҳунармандон ва дар маҷмуъ ҳама ашхосе, ки дар сохтани филм саҳм гузоштанд, суҳбати гарме бо аҳли толор доштанд.
Ҳамин тариқ, филми мазкур, ки аз 117 дақиқа иборат буда, соли 2022 истеҳсол шудааст, дар маҷмуъ ба жанри драма мутааллиқ мебошад.
Қаҳрамони марказии филми мазкур Қаҳҳор - коргари оддии заводи “Автозапчаст” мебошад. Ӯ марде мебошад, ки орзуҳои худро амалӣ карда натавонистааст ва акнун мехоҳад, ки писараш ин орзуҳояшро амалӣ намояд.
Филм дар бораи дӯстии ҳақиқӣ ва ҳаёти одамони боистеъдоди зиёии музофот, ки арзишҳои олами ботинии он бо ҷаҳони берунӣ мувофиқат намекунад, бо забони синамо ва рамзҳои хосаи санъати тасвир пешниҳод гаштааст. Дар филм давраи аз ИҶШС ба давлати соҳибихтиёр гузаштани Тоҷикистон дар солҳои 90-ум инъикос ёфтааст.
Сенарияи филми мазкур дар муддати 419 рӯз навишта шуда, барои омодагӣ ба сабташ 92 рӯз масраф шудааст. Дар зарфи 48 рӯз ба навор гирифта шуда, 73 рӯз монтаж ва 82 рӯз садогузорӣ карда шудааст.
Баъзе хусусиятҳои филми мазкур:

680
- Нахустин лоиҳаи муштараки “Суғдсинамо” бо “Тоҷикфилм” аст;
- Ороиши саҳнаҳои филм бо кучактарин ҷузъиёт аз ҷониби рассому реквизитор таҳия гардид, ки рӯҳияи соли 1993-ро ифода намудааст;
- Нахустин бор вокзали роҳи оҳани шаҳри Конибодом ба “Фурудгоҳи байналмилалии Шереметово”-и шаҳри Маскав табдил ёфт;
- Анқариб 3000 адад либосҳои замони пешин мавриди истифода қарор гирифт;
- Дар саҳнаҳои умумии филми “ДОВ” зиёда аз 5000 ҳазор нафар одамон иштирок карданд.
Носир Назарзода, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...