Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақш ва мақоми зан дар ҷомеа

677

Имрӯзҳо бонувони кишвари азизамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Ҷойи ифтихору сарбаландист, ки занону бонувони Тоҷикистон имрӯзҳо миёни доираҳои гуногуни сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори варзида ва муваффақ маҳбубият пайдо намуданд.

678 Дар ҳамин замина санаи 12 феврали соли ҷорӣ Дафтари минтақавии СММ – Зан (UN-Women) барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон машварати минтақавӣ дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи 68-уми Комиссия оид ба мақоми зан ташкил намуданд, ки он дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Нишасти мазкур масъалаҳои тезонидани раванди ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии ҳамаи занону духтарон тавассути ҳалли мушкилиҳои камбизоатӣ ва таҳкими ниҳодҳо ва маблағгузорӣ бо дурнамои гендериро фаро мегирифт. Дар кори машварат намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораҳои амволи давлатии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон баромад намуданд. Дар кори машварат ҳамчун намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин, раиси Ассотсиатсияи занон-кормандони ВКД, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Давлатшозода А.Ш. иштирок намуд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...