Мизи мудаввар оид ба ошкор намудани ҷиноятҳо дар самти моликияти зеҳнӣ
Рӯзи 30-юми марти соли 2018, дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Тарз ва усулҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати ошкор намудани ҷиноятҳо дар самти моликияти зеҳнӣ» баргузор гардид, ки ташкилкунандаи чорабинии мазкур кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6-и Академияи мазкур буд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З. иброз намуд, ки дар шароити кунунӣ моликияти зеҳнӣ дар радифи дигар молу мулк асоси рушди иқтисодии ҳар як давлатро ташкил медиҳад. Бозори объектҳои моликияти зеҳнӣ рӯз аз рӯз васеъ гардида, механизми мукаммали ҳифзи онро дар дохил ва хориҷ талаб менамояд. Барои ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи ҳифзи моликияти зехнӣ диққати хоса зоҳир мегардад.
Дар рафти мизи мудаввар сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Боиров Ф.Ғ., ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои моликияти зеҳнии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Каримов Т., омӯзгори калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия, сардори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Қурбонов А.А., адюнкти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Юсупов Ю. баромад намуданд.
Иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки чорабинии илмии мазкур маҳз бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ташкил шуда, боварӣ иброз намуданд, ки мутахассисон атрофи масъалаҳои мубрами ин соҳа андешаҳои хешро баён дошта, барои ҳалли онҳо пешниҳодҳои лозимӣ манзур менамоянд.
Убайдуллоев Ш.Э. – полковники милитсия
Розиқзода Б.А. – лейтенанти милитсия