Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сада - ҷашни қадимӣ

500Амалигардонии оинҳои сада аз ҷониби мардуми форсизабон.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешавад.
Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон расонандаи муждаи баҳор буд. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр) – ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст. Аз рӯйи андешаи аксари таърихнигорон бошишгоҳи нахустини қавму қабилаҳои сершумори ориёӣ тахминан чордаҳ-понздаҳ ҳазор сол пеш паҳноҳои Сибири Ғарбӣ, доманкӯҳҳои Урал ва даштҳои ҷанубии Русия, аз ҷумла соҳилҳои рӯдхонаҳои Обу Енисей то кӯли Байкал будааст, ки ба ин бозёфти харобаҳои шаҳри Аркаим ва дигар осори бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд.
Сада ном гирифтани ин ҷашн беҳуда нест, зеро он аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дар бар мегирифт.
Гурӯҳи калони қавму қабилаҳои ориёӣ пас аз сар шудани яхбандию хунукиҳои шадид аз қисмати шимолии Осиё ночор кӯч баста, сӯйи минтақаҳои гарми ҷануб ва сарзамини кунунии Осиёи Миёна меоянд, ки гузаштагони дури мо – тоҷикон аз ҳамон тоифаи ориёиҳои дар миёни дарёҳои Ому ва Сир сокингашта пайдо шудаанд.
Аз рӯйи пиндори олимон тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани бумии қабилаҳои сершумори ориёӣ, давраи яхбандиҳои тӯлонӣ ва сардиҳои даҳшатнок омада, зиндагии осудаҳолонаи онҳоро сахту душвор намудааст. Рӯдҳои паҳновари Об ва Енисей, ки дар маркази ватани нахустини онҳо қарор дошт, бар асари сардиҳо ях баста, хунукиҳои зимистон то даҳ моҳ тӯл мекашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ монданд, ҷангалзорҳои анбӯҳ ва дарахтони ёбоӣ дигар ҳосил намедоданд ва мурдану талаф ёфтани чорво меафзуд. Метавон тахмин зад, ки дар замони яхбандии ёздаҳ ҳазор сол пеш рӯйдода, ориёиҳо аз паҳноҳои Сибир ва доманкӯҳҳои Урал сарозер шуда, дар канораҳои баҳри Хазар ва Осиёи Миёна сокин гаштаанд.
Абулқосим Фирдавсӣ дар“Шоҳнома”пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши шоир Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филиззот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаҳову девҳо аслиҳа сохт. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Дар «Авесто» аз маҳали сукунати минбаъдаи қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён, сакоиҳо маълумотҳои нодире маҳфузанд, ки бо номи қаламрави зисташон зикр шудаанд. Ориёиҳо аз ғояти сармо ва хунукиҳои шадид маҷбур мешаванд, ки “Аирйанам Ваеҷаҳ”-и беамсолро тарк карда, дар саргаҳи “Гава, макони суғдиён”, “Моуруи (Мари) тавоною ростипараст”, “Баҳдӣ (Бохтари) зебо бо дирафшҳои афрошта”, “Нисайа, ки байни Моуру ва Баҳдӣ воқеъ аст”, “Ҳарайва” (Ҳирот) ва кишварҳои дигар то мавзеи Ҳинд, “кишвари Гургониён ва Роғ” (шимоли шарқии Мод) паҳн шуда, дар ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна, Афғонистон ва Хуросони кунунӣ маскан бигиранд. Дар “Меҳр Яшт”(Яшти 10) омадааст, ки “сипаҳбадони мағлубнашавандаи онҳо корзорҳои беададе месохтаанд, ки кӯҳҳои баланди пурчарогоҳаш ба касони парастори чорпоён хизмат мекардаанд. Кӯлҳои булӯринаш ба масоҳати бузург паҳн шуда, дарёҳои васеи пуробаш сӯйи Ишкату Нарут, Ҳироту Марв, Ғави Суғд ва Хоразм равон буданд”.
Абурайҳони Берунӣ дар “Китоб - ут-тафҳим” ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрӯзии ойини Сада нисбат медиҳад. Ҳамин тариқ, пазироии ҷашни Садаро ба шоҳони пешдодӣ Ҳушангу Фаридун нисбат дода, онро бо афрӯхтани гулхан ва дар атрофи он рақсу бозӣ намудан бо шукӯҳу шаҳомоти хоса пешвоз мегирифтанд.
Ба андешаи фолклоршинос Дилшод Раҳимов ҷашни Сада ҳарчанд суннати хоси зардуштӣ набошад ҳам, марбут ба бузургдошти оташ аст, ки оташ назди зардуштиён муқаддасу арҷманд мебошад. Зардуштмазҳабони остонҳои Кирмону Язди Эрон ва умуман зардуштиёни ҷаҳон ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомот пазироӣ менамоянд. Дар шаҳри Кирмон то имрӯз суннати мардумии Садасӯзӣ барҷо мондааст, ки бахусус деҳқонон як чанд рӯз пеш ба ин ҷашн омодагӣ мегиранд. Теппаи ҳезумро, ки баландиаш тақрибан ба 5 - 6 метр ва қутраш 12-14 метр мерасад, гирд меоранд. Замони гулханафрӯзии онҳо ба рӯзи 10-уми Баҳманмоҳ, ба ғуруби Офтоб рост меояд. Дар ҷашн ҳазорҳо нафар одам ҷамъ омада, хурсандӣ мекунанд ва сайругашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ баъзе деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонии ҳосил бурда ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба фарорасии баҳорро ифода мекунад. Аз ин ҷо бармеояд, ки иди Сада рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад.
Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, деҳқононро барои киштукори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.
7 далел дар бораи ҷашни қадимии Сада
Дар шаҳру минтақаҳои Тоҷикистон, дар охири моҳи январ фестивали анъанавии Сада ё Иди Сада ҷашн гирифта мешавад, ки аз қадимулайём ба мо расидааст.
1.Чанде пеш аз нав эҳё шуд. Гарчанде, ки ин ҷашн қадимист, имрӯзҳо дар Тоҷикистон ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад, ҷолиб аст, ки ӯ ба ин кишвар чанде пеш омадааст. Дақиқтараш, он дар қатори дигар суннатҳо ва маросимҳои миллӣ эҳё шуд. Сада, ба мисли Наврӯз ва Меҳргон, асли ориёӣ дорад. Тоҷикон одати таҷлили Садаро дар баъзе мавридҳо аз даст додаанд. Танҳо се сол қабл, бо ташаббуси мақомот, он ба тақвими идҳо шомил карда шуд.
2.Бо оташ ва офтоб алоқаманд аст. Пеш аз ҳама, ҷашни Сада бо оташ алоқаманд аст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳатто дар табрикоти худ ин идро Мелоди оташ номид. Ин номи хеле дақиқи анъанаи қадимист. Инчунин, ҷашни Сада бо одати парастиши офтоб ҳамчун манбаи тамоми мавҷудоти зинда алоқаманд аст.
3.Гулханҳо фурӯзон карда мешаванд. Аз ин рӯ яке аз рамзҳои асосии ид гулхан аст, ки ҳатман дар Иди Сада фурӯзон мешавад. Боварӣ ҳаст, ки оташ ҳар қадар пурзӯртар ва баландтар аланга гирад, ҳамон қадар ҳосили фаровон ба даст меояд. Як эпизод аз "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ низ аксар вақт бо ин ҷашн алоқаманд аст, ки мувофиқи он подшоҳи сулолаи бостонии Пешдодиён Хушанг боре ба сӯи море, ки дид, санг андохт ва ба дигаре зарба зада, шарора зад ва афрӯхт оташ. Ҳоким фармон дод, ки ба шарафи ин оташ ид барпо карда шавад.
4.Бо рақами 100 алоқаманд аст. Сада одатан бо Наврӯз рабт мегирад, бинобар ин санаи таҷлили он метавонад каме фарқ кунад. Номи ид аз калимаи "Сад" сарчашма мегирад, ки маънои форсӣ ва тоҷикӣ "100" -ро дорад. Ин рақам баъзан бо миқдори рӯзҳое, ки аз охири тобистон гузаштааст, вале бештар бо миқдори шабу рӯз то ҷашни Наврӯз рабт мегирад.
5.Алвидоъ бо зимистон. Сада бо симҳои зимистон ва наздикшавии баҳор алоқаманд аст. Маҳз дар ин рӯз онҳо бо ҳавои сард видоъ карда, мавсими навро дар замонҳои қадим бо шодмонӣ пешвоз гирифтанд. Сада авҷи зимистон аст, пас гармтар мешавад. Дар солномаҳо гуфта мешавад, ки Сада барои гиромидошти оташ ва муҳофизат аз қудрати зулмот - хунукӣ ва шабнам даъват шудааст. Дар фасли сарди зимистон, мардуме, ки ба ид омада буданд, гулханҳо афрӯхтанд, шод буданд, то сахтии зимистонро сабуктар кунанд ва эҳсоси баҳорро наздик кунанд.
6.Бо хоҷагии қишлоқ алоқаманд аст. Инчунин, ҷашни Сада одатан бо кишоварзӣ низ рабт мегирад, дар Тоҷикистони муосир ярмаркаҳои кишоварзӣ одатан дар ин рӯз баргузор мешаванд. Маҳз аз ҳамин рӯз, заминдорон бояд чун анъана ба тайёр кардани тухмӣ ва асбобҳо шурӯъ кунанд. Деҳқонон заминро ба корҳои баҳорӣ ва кишту кор омода мекунанд, бо зимистон видоъ мекунанд.
7.Далда таоми анъанавӣ аст. Табақе, ки одатан бо ин ҷашн алоқаманд аст, далда аст. Онро аз гандуми кӯфта, сар ва пойҳои гусфанд ва лӯбиё ян чанд соат мепазанд.
Сулаймонзода Рустами Неъматулло, муаллими калони кафедраи
мурофиаи ҷиноятии факултети №2, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...