Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём раҳнамои ҷавонон

493Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 24 январи соли 2024 бо дастури сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ғафурӣ М.С. аз тарафи муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯии МКД, подполковники милитсия Абдураҳмонзода И.И., муаллимони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, лейтенанти калони милитсия Ревазода М.Р. ва лейтенанти милитсия Муродзода Ф.Ғ. дар муассисаи таълимии «Амид», ноҳияи Б.Ғафуров, бахшида ба эълон гардидани соли 2024 - соли «Маърифати ҳуқуқӣ», бо хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаи таълимии мазкур вохӯрӣ доир гардид.494
Дар ин вохӯрӣ муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, подполковники милитсия Абдураҳмонзода И.И. оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи кунунии донишандӯзии донишҷӯён ва нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи ҷавонон, забонӯмозии наврасону ҷавонон, бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусти оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони мамлакат қарор доранд, гуфта гузаштанд.
495Дар давоми вохӯрӣ муаллими кафедраи ФОҶ МКД, лейтенанти милитсия Муродзода Ф.Ғ. оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ, ҳушёрии сиёсӣ, бехатари шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва тарзи нодуруст қабул ва ирсол кардани паёмакҳо баромад намуда, ба хонандагони зарурияти ин масъаларо фаҳмонда шуд.
Инчунин аз тарафи муаллими кафедраи ФОҶ МКД, лейтенанти калони милитсия Ревазода М.Р. масъалаҳои одобу ахлоқи ҷавонон, донишомӯзӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, саҳмгузорӣ дар рушди кишвар, ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва эҳтироми падару модар, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии китобхонӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ», барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудан бояд саҳми арзандаи худро гузоранд, баромад намуд.
Дар ҷараёни суҳбат аз тарафи хонандагону иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардида, онҳоро барои эҳтироми муқаддасоти Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардидан даъват намуданд.
Ревазода М.Р., муаллими кафедраи ФОҶ МКД, факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...