Ҷалби курсантон ба ташкили раванди таълим дар Академияи ВКД
Раванди муттасили таълиму тарбия, ки мақсад аз он ноил шудан ба сатҳи баланди инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбӣ мебошад, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи стандарт ва барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Дар маркази-стандартҳои давлатии таълим бошад, муносибатҳои салоҳиятнок ҷойи махсусеро ишғол менамояд, ки ба баланд бардоштани сифати таълим равона гардидааст. Раванди сифати таълиму тарбия мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат қарор дошта, дар яке аз суханрониҳои хеш иброз намуданд, ки “Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Яке аз роҳҳои омода намудани мутахассисони ҷавобгу ба талаботи даврони муосир, ба роҳ мондани тарбияи ватанпарастӣ , ифтихори миллӣ мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватанпарастии шаҳрвандон, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 2- юми ноябри соли 2022 қабул гардидааст, барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури ҳар як шахс, бахусус ҷавонон , ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан, хизмати содиқона ба халқу Ватан нигаронда шудааст.
Доир ба масъалаи тарбияи ватанпарастӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, ҳар як банди он таҷассумгари таъриху фарҳанги миллӣ, арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот ба ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ ва арзишҳо, ки мазмун ва мундариҷаи ватандӯстиро муайян мекунанд, мебошад.
Дар гурӯҳи таълимии 107, факултети №2 Академияи ВКД аз ҷониби курсанти курси чоруми Академияи ВКД сержанти милитсия Саидов Толиб, ки яке аз иштирокчиёни фаъоли озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, мебошад, дарс дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстӣ дар очерки “Темурмалик- қаҳрамони халқи тоҷик”- и Садриддин Айнӣ ва повести “Ривояти суғдӣ”-и Сотим Улуғзода”, бо роҳбарии омӯзгори дарсдиҳанда полковники милитсия Давлатшозода А., иштироки омӯзгорони ҷавон баргузор гардид. Чунин таҷриба дар Академияи ВКД аввалин набуда, яке аз роҳҳои тарғиби илму маърифат, ҷалб намудани ҷавонон ба китобхонӣ, забондонӣ ва маҳорати суханварӣ мебошад.
Давлатшоева А.Ш.