Мулоқоту вохӯрӣ бо омӯзгорон ва хонандагон вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат
17-уми январи соли 2024 бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 80 ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11 бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», бо дастури сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ғафурӣ М.С. аз тарафи муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ МКД, подполковники милитсия Абдураҳмонзода И.И. ва муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ МКД, лейтенанти калони милитсия Ревазода М.Р. вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми таърихи имсолаи санаи 28.12.2023, ки ба маҷлиси Олӣ саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба насли ҷавон буда, Пешвои миллат оид ба вазъи кунунии донишандӯзии донишҷӯён ва нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи ҷавонон, забонӯмозии наврасону ҷавонон, бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусти оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.
Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро бо Ватан ва эҳтиромашонро бо арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун гардонидан ва вобаста ба дастовардҳои даврони истиқлол, таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, истифодаи бехатари шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, машғул шудан ба китобхонӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва ғайра мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Ревазода М.Р., муаллими кафедраи ФОҶ МКД, факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия