Озмун аз фанни математикаи олӣ дар байни курсантони Академияи ВКД
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30 августи соли 2017 таъкид доштанд, ки ба фанҳои технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва фанҳои тахассусӣ кам аҳамият дода мешавад ва серталабӣ дар бобати азхуд намудани ин фанҳо кам ба назар мерасад.
Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро вазифадор карда буданд, ки ба сифати таълими забонҳои хориҷӣ, технологияҳои коммуникатсионӣ, фанҳои дақиқ ва тахассусӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Мутобиқи иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар доираи Ҷамъияти илмии курсантон рӯзи 19-марти соли 2018 озмун аз фанни математикаи олӣ дар байни курсантони факултети №5, гурӯҳҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳифз дар ҳолатҳои фавқуллода бо иштироки аъзоёни комиссия: сардори факултети №3 н.и.ҳ., майори милитсия Амрудинзода М.А., сардори факултети №5 н.и.педагогӣ., полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ., сардори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникӣ н.и.х., подполковники милитсия Ҳалимов Ш.А., сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 подполковники милитсия Сатторзода А. ва муаллими фанни мазкур н.и.ф-м Раҳимов А., гузаронида шуд.
Дар озмун 31-нафар курсантони факултети №5 фаъолона иштирок намуданд.
Аъзоёни комиссия натиҷаи санҷиши курсантонро баҳогузорӣ намуда ҷойҳои ишғолнамудаи курсантонро муайян карданд.
Ҳамин тариқ, ҷойи якум ба курсанти курси 1 гурӯҳи 112 - Зулфонов И., ҷойи дуюм ба курсанти курси 1 гурӯҳи 112 - Абдумаликов Д., ҷойи сеюм ба курсанти курси 1 гурӯҳи 112 - Бобокалонов И. ва ҷойи чорум ба курсанти курси 4 гурӯҳи 410 - Зокиров Ф. насиб гардид.
Озмун аз фанни математикаи олӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи кормандони кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, барои такмил додани савияи дониши курсантону шунавандагон мусоидат менамояд.
Ҳалимов Ш.А., сардори кафедраи «ФМТ»-и факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.х., подполковники милитсия