Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон ва варзиш дар партави Паёми Пешвои миллат

484«Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва инкишофи қобилияти ҷисмониву маънавии инсон, хусусан ҷавонон мусоидат мекунад». Эмомалӣ Раҳмон

28 декабри соли 2023 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид. Паём тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсӣ, илму маърифат, масъалаҳои дастгирии давлатии тамоми қишри ҷомеа, махсусан ҷавонону варзишгаронро фарогир буд.
Пешвои муаззами миллат дар рафти ироаи Паёми хеш сараввал иброз доштанд, ки «Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд». Бо ифтихор метавон гуфт, ки ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.Қобили зикр аст, Пешвои муаззами миллат бо қаноатманди арз доштанд, ки: «…танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд».Бояд гуфт, ки дар ин самт нақши Ҳукумати кишварро метавон мусби арзёбӣ кард, зеро бунёди иншоотҳои мӯҳташами зиёди варзишӣ, тадбирҳо бобати ҳавасмандгардонии варзишгарон, пайваста гузаронидани чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар кишвар далели онанд, ки дар ин самт сиёсати давлат самаровар аст.
Махсусан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», давра ба давра қабулу амалигардонии Барномаи дурнамои инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, «Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», барои мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа саҳмгузор мебошанд. Ҳамчунон, ки Пешвои муаззами миллат ёдовар шуданд: «…дар ин давра 11 ҳазор иншооти нави варзиш бунёд гардид, ки он ҳам асосан барои ҷавонон мебошад».Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.
Иштироки фаъоли ҷавонони кишварамон ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд ва муаррифгари давлату миллат мебошад.Боиси хушнудист, ки Пешвои муаззами миллат бо қаноатманди аз дастовардҳои варзишӣ ҳарф зада, иброз доштанд, ки : « Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад».
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки барои ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам бештар зарур аст, ки ба истифодаи самараноки инфрасохтори варзиш, хусусан, ба нигоҳубини дурусти иншооту биноҳои бунёдгардида эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад ва барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда зарур аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои кор бо ҷавононро таҳия ва амалӣ намояд. Хушбахтона бояд донист, ки имрӯзҳо кӯшиши давлат ба рушди варзиш, таҳияи барномаҳои гуногун оид ба ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ нигаронида шудааст. Маҳз бо ин роҳ мо метавонем ташаккули фикри созандаи насли наврас, таблиғи тарзи ҳаёти солим, ривоҷи навовариву ташаббускориро дар байни ҷавонон таъмин намоем.Ҳамчунон, ки дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонон Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд: «Ҳадафи асосӣ он аст, ки мо ҷавонони ҷисман солим ташаккулёфтаро дар пешрафти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар тамоми самтҳои ҷомеа пайдо намуда. фаъолгардонию сиҳатии ҷомеаро ба таври оммавӣ ба воситаи варзиш ба роҳ монем”.
Дар ин замина, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад. Муҳимтар аз ҳама, насли ҷавон бояд сиёсати маорифпарпарваронаю варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллатро дарк намуда, парчамбардорони Ватану миллати хеш бошанд!
Абдураҳмонзода Наимҷон, муаллими кафедраи ТМ ва ОҶ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...