Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбияи ҳуқуқӣ ва ҳарбию ватандӯстӣ

47512-уми январи соли 2024 бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, ҷиҳати мустаҳкам намудани донишҳои ҳуқуқӣ ва ҳарбию ватандӯстии курсантони факултетҳои №2 ва №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода вохӯрии курсантон бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрӣ ташкил ва баргузор гардид.476
Дар оғози вохӯрӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия А.Ш. Ализода ба сухан баромада ҳозиринро ба Академия хайрамақдам гуфт.
Дар рафти вохӯрӣ иброз карда шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ равона мегардад.
Дар он масъалаҳои идоракунии давлатӣ, ташкил ва фаъолияти байниҳамдигарии мақомоти давлатӣ, муносибати байниҳамдигарии давлат ва шахс, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини сулҳу субот дар давлат, минтақа ва ҷаҳон, низоми иқтисодии кишвар ва рақобатпазирии он, масоили агросаноатӣ, вазъи тандурустиву некуаҳволии сокинони кишвар ва имрӯзу фардои он, фарҳанг ва илму маориф дар кишвар натиҷагирӣ ва баррасӣ гардиданд. Хулосаҳое, ки вобаста ба масъалаҳои мазкур ироа гардиданд, барои рушди минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидат менамоянд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ иброз карда шуд, ки Ватан - Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд дониста мешавад.
Ватандӯстӣ дар вуҷуди ҳар фард бошад, пас муҳаббаташ ба Ватан, сарзамин ва халқ афзуда, барои ҳифз намудани он аз душман ва ба манфиати халқу Ватанаш содиқона хизмат кардан талош меварзад. Аз ин рӯ, манфиати ҷомеа ва давлат бояд дар ҳар маврид дар мадди аввал қарор дошта бошад. Дар охир вобаста ба мавзуъ вараққаҳои маълумотӣ ба курсантон тақсим гардида, атрофи онҳо суҳбатҳо ороста шуданд.
Назарзода Носир, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...