Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши нозирони минтақавии милитсия дар фаъолияти маъмурии милитсия

66

Дар баромади худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 иброз намуданд, ки бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. 

68

Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷуён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандустӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Баҳри амалӣ намудани супориши Сарвари давлат, санаи 27-уми марти соли 2018 бо ташаббуси Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ дар толори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба «Фаъолияти маъмурии милитсия» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар он муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ низ сардори факултети №4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А., муовини сардори факултет оид ба қисми таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С., сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд, майори милитсия Гардишев Д.О. ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантон иштирок намуданд.

67

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ низ сардори факултети №4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А., баромад намуда, доир ба мавзӯи баррасишаванда фикру андешаҳои худро иброз дошт.
Сипас, сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, майори милитсия Гардишев Д.О., дар мавзӯӣ «Як рӯзи фаъолияти нозири минтақавии милитсия» ибрози ақида намуда, ба самтҳои асосии фаъолияти нозири минтақавии милитсия таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Сипас як порча аз рафти фаъолияти нозирони минтақавии милитсия намоиш дода шуд.
Ғайр аз ин, курсантони курси 4-ум Муҳаммадиев Ҷ., дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои нозири минтақавии милитсия» ва Хусравбеков Ш. дар мавзӯи «Вазифаҳои нозири минтақавии милитсия» маърӯза намуданд.
Шахсони баромадкунанда ба саволҳои курсантон ҷавоб дода амалияро бо назария алоқаманд намуданд.

Ҳамин тариқ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ низ сардори факултети №4, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А., бо сухани хотимавӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши нозири минтақавии милитсия дар фаъолияти маъмурӣ»-ро ҷамъбаст намуда, онро барои таҳким бахшидани робитаи нозирони минтақавӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Абдулозода Д.А., омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ

ва фаъолияти маъмурии факултети №4

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...