Шурои роҳнамоён тавсия медиҳад!
20-уми декабри соли 2023, бо ибтикори Шурои роҳнамоёни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ – назариявӣ дар мавзуи «Касби ман – ифтихори ман» баргузор гардид.
Дар кори семинар муовинони сардори Академия, полковники милитсия Шарифзода М.С., номзади илми ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. ва раиси собиқадорони Академия, полковники мустаъфии милитсия Абдуллозода А.Ё. иштирок ва суҳанронӣ намуда, иброз доштанд, ки кор дар сафҳои милитсия ифтихори бузург аст ва ҳар як корманди ба ин сафҳо воридшуда бояд инро донад ва аз касби пешакардаи худ ифтихор дошта бошад.
Ҳамчунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Обрӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар миёни ҷомеа, пеш аз ҳама аз рафтору кирдори намунавии ҳар як корманд ва хизматчии ҳарбӣ вобаста аст».
Дар кори семинар 28 нафар кормандони ҷавон иштирок карданд, ки ба онҳо аз ҷониби кормандони собиқадор маърузаву маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардид.
Модератори семинар, полковники милитсия Бойзода Ҷ.Ҷ. - раиси Шурои роҳнамоёни Академия буда, забони кории семинар тоҷикӣ ва русӣ буд. Маърузачиён, Саидзода С. – сардори Шуъбаи таълими Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи қонуният ва интизоми хизматӣ, полковники милитсия, дар мавзуи «Оид ба тартиби хизмат ва уҳдадориҳои омӯзгорони ҷавон», Самиев Н.М. – сардори Шуъбаи адюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия, дар мавзуи «Воспитание молодого поколения в целях привития любви к избранной профессии», Асламов Б.С. - сармутахассиси Шуъбаи адюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзуи: «Имиҷи корманди милитсия», Бойзода Ҷ.Ҷ. - раиси Шурои роҳнамоёни Академия, полковники милитсия дар мавзуи: «Мантиқи гуфтори корманди милитсия», Самиъзода Б.С.- раиси Шурои кураторони Академия, подполковники милитсия дар мавзуи «Маърифати омӯзгор» баромад ва суханронӣ намуданд.
Дар анҷоми семинар ба кормандони ҷавон тавсияҳои методӣ барои омӯзиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва оинномаву дастурамалҳои соҳавӣ дода шуд. Ҳамзамон, аз тарафи иштирокчиёни роҳбалад пешниҳод гардид, ки семинари навбатии шуро бояд дар шакли амалӣ баргузор гардад. Аз ин хотир ҳар як корманди ҷавонро зарур аст, ки оид ба самти кории худ барои семинари навбати маъруза омода намояд ё дастоварди худро муаррифӣ намояд.
Бойзода Ҷ.Ҷ., Убайдуллозода Ш.Э., омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон