Таваҷҷуҳ ва дастгирии собиқадорони Академияи ВКД
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., ба собиқадорон дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо кумак расонида мешавад.
Дар ин радиф, раиси Шӯрои собиқадорони Академияи ВКД полковники мустаъфӣ Абдуллозода А.Ё., дар арафаи фарорасии Соли нави мелодӣ ба аёдати собиқадорон рафта, кӯмакрасонии навбатии ғамхоронаи роҳбарият ба собиқадорон расонида шуд.
Собиқадорон ҳангоми суҳбату вохӯриҳо бо Шӯрои собиқадорон хушҳол гашта, ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон минатдории бепоёни худро изҳор намуданд.
Маркази матбуоти Академияи ВКД