Вохӯрӣ дар Рӯзи Парчам бо парчамбардорон дар Академияи ВКД
Тавре қаблан (12 ноябри соли 2023) иттило дода будем, рӯзҳои 31 октябр - 3 ноябри соли 2023 дар шаҳри Абудабии Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни собиқадорон идома ёфт. Дар мусобиқаи мазкур 1011 варзишгар аз 68 давлати ҷаҳон иштирок доштанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 21 паҳлавон намояндагӣ карданд. Аз ҷумла, ду нафар собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ сардорони раёсатҳои ВКД, генерал-майори мустаъфии милитсия Маҷидов Ҳабибулло ва полковники мустаъфӣ, чемпиони ИҶШС оид ба самбо, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо Назриев Хайрулло дар ин Чемпионати ҷаҳон соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.
Бо даъвати сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия ин қаҳрамонони варзиши ҷумҳурӣ, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ даҳҳо маротиба бо зури бозуи хеш партавфишон кардаанд, ба назди курсантону шунавандагон ва омӯзгорони ин таълимгоҳи ВКД омаданд.
Ин ду шахсият варзишгарони номие мебошанд, ки соҳиби ҳамаи унвонҳои варзишии ҷумҳурӣ, чемпионҳои ИҶШС, дорандагони дараҷаҳои варзиши байналмилалӣ мебошанд.
Ҳар яке дар рӯзномаҳои фардии хеш беш аз сад номгӯи медалҳо, дараҷаву унвонҳо ва мукофотҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро соҳиб гаштаанд.
Корнамоиҳои варзишии ин ду шахсият аз солҳои 70-уми асри гузашта оғоз гардида то солҳои наздик расман идома доштанд. Ҳоло ҳам, чи туре, ки возеҳ гашт дар майдонҳои ҳунари байналмилалӣ қуввату дармони хешро ба оламиён нишон дода парчамафрӯзони кишваранд!
Ҳабибулло Маҷидов - генерал-майори мустаъфии милитсия, Корманди фахрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД-ҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ (1993-1994), Ҳисор (1994-1997), сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД (1997-2003), сардори Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003-2007), сардори Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сардори давлат ва меҳмонони олиқадр (2007-2015) фаъолият бурда, дар таҳкими сохти конститутсионии ҷумҳурӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартибот саҳми арзанда гузоштааст.
Мавсуф дар баромадаш, баъд аз дидани биноҳои таълимии Академияи ВКД ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои чунин шароитҳои аъло барои курсантон муҳайё карданашон изҳори сипос ва қаноатмандии хешро баён кард.
Дар суханрониҳояш аз ҳозирин тақозо кард, ки аз чунин шароитҳои давру замон ҳар лаҳза шукргузор бошанд, танҳо ба таҳсил дода шаванду дониши мукаммал бардоранд ва дар оянда ба ин Ватан, ба миллат ва волидайнашон софдилона ва садоқатмандона хизмат намоянд.
Полковники мустаъфии хизмати дохилӣ, чемпиони ИҶШС оид ба самбо, чемпиони мутлақи ҷаҳон оид ба дзюдо, дорандаи ордени Дӯстӣ, Ифтихорномаи Фахрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриев Хайрулло Ҳабибович низ дар сафҳои МКД Тоҷикистон солҳои 1980-2022 хизмат кардааст.
Аз ҷумла, 1980-1983 таҳсил дар мактаби махсуси техникӣ-оташнишонии шаҳри Свердловск, 1983-1985-нозири ШХДО шаҳри Кулоб, 1985-1989-таҳсил дар ТВШ МВД ИҶШС, 1989-1990 - сарнозири ГУПО ВКД, 1990-1994-сармуҳандис ва навбатдори оперативии ШХДО минтақаи Кулоб, 1994-2004- сардори Шуъбаи хадамоти давлатӣ оташнишонии минтақаи Кулоб, 2004-2009- сардори ХДО-и вилояти Хатлон ва 2017-2022 муовини раиси Шурои ҷамъиятии “Динамо”-и ВКД ифои вазифа кардааст.
Ба шогирдон муроҷиат карда, дониши хубу аъло, интизоми намунавӣ, ки дар фаъолиятҳои ояндаашон маҳаки асосӣ мебошад, хоҳон шуд. Нақлҳои кӯтоҳ аз ҳаёти хизматӣ ва тармимҳои ҳамешагӣ аз ҳаёташ ба ҳозирини чорабинӣ таассуроти фаромӯшнашаванда гузошт.
Дар қисмати дигари чорабинӣ, курсантони Академияи ВКД бо қироати шеърҳо дар васфи Парчам ба ҳозирини чорабинӣ ҳаловати хоса бахшиданд.