Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъмини амнияти миллии давлат

426Аз ҷониби идораи нашаротии “Империал-Групп”, дар ҳаҷми 283 саҳифа китоби Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, таҳти унвони “Асосҳои назариявӣ-ҳуқуқии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти миллии давлат” ҳамин рӯзҳо бо сифати хуб аз чоп баромад.
Чопи монографияро бо забони тоҷикӣ, ки дар ин самт то ба ҳол вуҷуд надошт, табрик мегӯем. Илова бар он муаллиф тасмим дорад, ки боз дар ин самт фаъолиятҳои эҷодиашро идома дода се китоби дигареро низ дар ин мавзуи муҳим ба нашр расонад. Муваффақиятҳоро барояшон таманно дорем.
МУҚАРРИЗОНИ КИТОБ:
КАРДАШОВА ИРИНА БОРИСОВНА, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, профессори кафедраи асосҳои фаъолияти прокурории ФГКОУ ВО «Донишгоҳи прокуратураи Федератсияи Россия»;
ЗАЛУЖНЫЙ АЛЕКСАНДР ГАВРИЛОВИЧ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, профессори кафедраи «Таъминоти ҳуқуқии амнияти миллии ФГБОУ ВО, «Академияи Россиягии хоҷагии халқ ва хадамоти давлатии назди Президенти Федератсияи Россия”;
НАЗАРЗОДА НОСИР ҶОБИР, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедраи “Ташкили идоракунии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”-и факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мундариҷаи китоб аз ду боби асосӣ, 6 зербоб, хулоса, рӯйхати сарчашмаҳои истифодашуда иборат буда, ҳамзамон аз ҷониби муаллиф замимаҳо дар намуди “Саволномаҳо барои пурсиш”, “Саволнома барои ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои минтақавии мақомоти корҳои дохилӣ”, “Натиҷаҳои пурсиши сотсиологӣ”, руйхати калимоти кутоҳкардашуда иборат мебошад.
Дар монографияи мазкур дар асоси диди нав, ки сохтори муосири таҷдиди ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии давлатдории тоҷикон, дастовардҳои назариявӣ, ҳуқуқӣ ва методологии масоили бунёду ташкил ва фаъолияти низоми таъминоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд, баррасӣ карда мешавад.
Натиҷаҳои тадқиқоти гузуронидашудаи монографӣ дар такмили назарияи умумии амнияти миллӣ, таълимоти бехатарии ҷамъиятӣ, асосҳои идоракунии мақомоти корҳои дохилӣ, дигар соҳаҳои илм, ки ба масъалаҳои таъминоти бехатарии миллӣ алоқаманд аст, саҳми амалии худро хоҳад гузошт.
Дар сарсухани китоб худи муаллиф қайд менамояд, ки амнияти миллӣ дар раванди мавҷудият ва рушди устувори ҳар як давлат нақши муҳим дорад. Таъмини амнияти миллӣ барои давлатҳое, ки дар вазъияти душвори геополитикӣ қарор доранд, махсусан муҳим аст. Новобаста аз хусусиятҳои сохти давлатҳои миллӣ дар фазои пасошӯравӣ, ин давлатҳо вобаста аз мероси муштараки таърихии худ дар арсаҳои мухталиф иқтидори бузурги ҳамгироӣ доранд.
Равандҳои ба ҳамагон маълуме, ки дар ҳаёти собиқ ҷумҳуриҳои ИҶШС рух дод, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири хешро гузоштанд. Таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири асри гузашта боиси бесарусомониҳои зиёди иҷтимоию сиёсии ҷомеаи тоҷик гардид. Мушкилоти ҳалношудаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, этникӣ ва соири дигар дар Тоҷикистон, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ боиси пошхӯрии миллат, муқовимати шаҳрвандӣ ва билохира ҷанги бародаркушии шаҳрвандӣ овард, ки аз соли 1992 оғоз ёфта то соли 1997 идома дошт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти таъмини амнияти миллиро дарк намуда, таъкид доштанд, ки “дар шароити ниҳоят шадид ва душвори минтақа ва ҷаҳон, дар назди мо вазифаҳои мушкил гузошта шуданд, ки бо амният вобаста мебошанд, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин масоили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки аз рӯйдодҳои Афғонистони ҳамсоя ҳарчи бештар авҷ мегиранд”.
Бавуҷуд омадани сарчашмаҳои нави шиддатёбии низомӣ ва зиддиятҳо дар минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик ва дигар манотиқи ҷаҳон, афзоишёбии таҳдиду фишори минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, васеъшавии бемайлони терроризми байналмилалӣ ва ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, мушкилтар гаштани масоили дохилии иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии давлатҳои муштаракулманофеъ моҳияту мазмуни ҳалли масъалаҳои таъмини бехатарӣ ва амнияти миллиро чандкарата боз ҳам душвортар гардонида истодааст.
Аз ин лиҳоз, устувор гардонидани равандҳои ҷаҳонӣ ва таъмини бехатарӣ дар фазои он яке аз вазифаҳои ҳалталаби замон маҳсуб мебошад. Таҳдиду фишори замони муосир, вазъият дар Шарқи Миёна ва алалхусус вазъ дар Афғонистон ҳалли масъалаҳои таъмини бехатарии миллиро мубрамтар гардонидааст.
Амнияти миллӣ ҳамчун ҳолати воқеъии устувории ҳуқуқии ҷомеа ва давлати тоҷикон ба омили асосии худмуҳофизатии давлат табдил ёфтааст. Тадқиқотчиён адолатона таъкид кардаанд: “миллате, ки низоми бовариноки амнияташро бунёд накардааст, имконияти аз даст додани будубошашро дошта, дар қаъри раванди таърихӣ шояд нопадид гардад, ё худ дар маҷмуъ аз саҳнаи таърих нест шавад”.
Бешубҳа, ташкилёбии бо ном “Давлати исломӣ” ва сар баровардани гурӯҳҳои ҷинояткори он дар ҳама мамолик, муттаҳидшавии қувваҳои террористии ДОИШ ва фаъол гаштани амали онҳо дар ҳудудҳои наздимарзии Тоҷикистон, равандҳои муҳоҷирати ҷаҳонӣ, ки ба бетартибиҳои оммавӣ табдил ёфтанд, экстремизми диннӣ ва дигар равандҳои номатлуб ҳамбастагию алоқамандии таҳдидҳои дохилии ҳаёти кишварро зиёд карда истодааст.
Худи мафҳуми “амнияти миллӣ” робитаи муҳофизати манфиатҳои ҳаётан муҳими миллатро дар ҷодаи ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-сиёсӣ ва маънавии умумиятҳои одамоне, ки дар ҳудуди муайян иқомат доранд, инъикос менамояд. Вале, барои иҷтимоъи демократӣ амнияти давлат ва ҷомеа орзӯ набуда, балки амалест, ки баҳри таъминоти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона карда шудааст.
Бо пайдошавии хатарҳои нави асри ХХ1 низоми арзишҳои инсонӣ ба тағийротҳои мушаххас дакка хӯрд. Тадқиқотҳои сотсиологие, ки фонди “Афкори ҷамъиятӣ”-и Фонди илмии гуманитарии Россия гузаронидааст, дар шуури россиягиҳо моҳияти арзишҳоро баррасӣ намудааст. Тибқи он дар ҷойи аввал пурсидашудагон ҳаёти инсонро ҳамчун арзиши олӣ гузоштанд ва дар ҷойи дуюм бошад озодии инсонро. Чунин ҳолатро натиҷаи омӯзиши афкори омма солҳои 2018-2020 дар Тоҷикистон низ нишон дод, ки ҳамрабт мебошанд. Ба ин маъно, ки самаранокии фаъолияти механизми амнияти миллӣ мустақиман ба амнияти шахсият алоқаманд аст. Ин ақида ба он асос дорад, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои вай натанҳо арзиши олии низоми ҳуқуқии ватанӣ (Моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), балки ба талаботҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст.
Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун унсури муҳимтарини қувваҳои таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб рафта, дар рафти кори заҳматноки ҳаррӯза барои амалӣ кардани манфиатҳои миллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи тоҷик таъсири бевосита мерасонад.
Чунин мавқеъ ба он асоснок карда шудааст, ки муҳимтарин вазифаи асосии давлат ва ҷомеа ин пайваста таъмин кардани ҳолати амнияти шахсият, танзими муҳити иҷтимоӣ мебошад, зеро ҷамъият, танзимгарони иҷтимоӣ ва давлат барои он ташкил ва фаъолият доранд, ки тибқи зарурият одамонро аз таҳдидҳои бавуҷуд омада ҳамчун шарти зарурии инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо муаззафанд муҳофизат намоянд.
Аз ин рӯ, таъмини амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва барқарор намудани ҳуқуқ - вазифаҳои умумидавлатӣ мебошанд, ки хусусияти маҷмӯӣ дошта, аз аҳамиятнокии ин падидаҳои иҷтимоӣ вобастаанд.
Аз ин хотир, омили асосии худмуҳофизаткунии давлатдорӣ, амнияти миллӣ мебошад, ки он ҳамчун ҳолати устувори ҳуқуқии ҳаёти давлат ва ҷомеаи тоҷикон муайян карда шудааст.
Амалия ва назарияи сохтори давлатиро бо ҳам пайваст намуда, бояд қайд кард, ки дар монография муносибати умумӣ барои муайян кардани моҳияти зуҳурот, ки бо амният вобаста мебошад, таснифоти устувори намудҳои амнияти миллӣ, ки дар ташаккули низоми таркибии сохтори амнияти миллӣ ва танзими ҳуқуқии он аҳамияти методологӣ дорад, вуҷуд надорад, ки дар навбати худ ба коркарди стратегия ва тактикаи дурусти муайян барои муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ мусоидат мекунад.
Набояд фаромӯш кард, ки таъмини амнияти миллӣ - «ин на танҳо «ҳифз» аз таҳдидҳои пайдошаванда (вуҷуддошта) буда, балки пешгӯӣ, огоҳонӣ ва пешгирии таҳдидҳои дохилию берунӣ бо мақсади рушди устувори ҷомеа мебошад».
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» қайд шудааст, ки давлат субъекти асосии таъмини амният (дар баробари шаҳрвандон, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо) мебошад, ки вазифаҳои худро дар ин соҳа тавассути мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.
Вобаста ба ин проблема Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар назди олимон муҳаққиқони кишвар вазифагузорӣ намуд, ки ин проблема бениҳоят мубрам буда, ҳалли илмиро тақозо мекунад. Аз ҷумла, таъкид гардидааст, ки бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Чунин тадқиқотҳо барои таъмини амнияти миллии давлат махсусан муҳим мебошанд.
Мақсади асосии тадқиқоти мазкур низ аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани асосҳои назариявӣ-ҳуқуқӣ, методологӣ ва ташкилии фаъолияти босамари мақомоти корҳои дохилӣ дар низоми таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин замина таҳияи равишҳои ғоя, нуқтаи назарӣ - илмӣ ва тавсияву таклифҳои амалӣ оид ба беҳтар намудани онҳо мебошад.
Монографияи мазкур ба доираи васеи хонандагон нигаронида шудааст. Коркардҳои назариявие, ки дар монографияи мазкур пешниҳод гаштаанд, хусусан барои тадқиқотчиён, кормандони амалӣ ва мутахассисони соҳаҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, ки ба омӯзиши масъалаҳо ва роҳҳои ҳалли он дар доираи масъалаҳои таъминоти бехатарии миллӣ сару кор доранд, дастёри хуб хоҳад гашт.
Ҳамзамон, барои ҳайатҳои педагогӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии равияҳои ҳуқуқӣ, курсантон, шунавандагони муассисаҳои таълимии тахассусии ВКД-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, дигар кишварҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тавсия дода шудааст.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...