Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти курсант - сержанти хурди милитсия дар озмуни байналмилалӣ

423

Корҳои илмӣ-тадқиқотии курсантони Академия яке аз воситаҳои асосии баланд бардоштани сифатнокии тайёр кардани мутахассисони лаёқатманд мебошад, ки барои дар фаъолияти ояндаи амалии худ ба таври самаранок татбиқ намудани дастовардҳои илму техникаи муосир кумак мерасонад. Инчунин ин намуди фаъолият имконият медиҳад, ки чунин мутахассисон қудрати эҷодии худро, ки дар ин самт бунёд кардаанд, барои ҳалли масъалаҳои мубраме, ки дар назди мақомоти корҳои дохилӣ истодаанд, самаранок истифода баранд.424
Ин аст, ки моҳҳои август-ноябри соли 2023 дар Донишкади ҳуқуқшиносии Уралии ВКД Россия (ш.Екатеринбург) озмуни байналмилалӣ байни курсантон ва шунавандагон таҳти унвони “Сохтмони давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ” (Государственное стротиельство и международные отношения) баргузор гардид.
425Дар номинатсияи “Масъалаҳои мубрами танзими конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ-байналмилалии рушди давлатӣ-ҳуқуқӣ” (Актуальные проблемы конституционного и международно-правового регулирования государственно-правового развития) курсанти курси 3-юми факултети № 2 Академияи ВКД, сержанти хурди милитсия Қурбонализода М.Н. бо таҳқиқоти илмии худ дар мавзуи «Хусусиятҳои мақоми конститутсионӣ - ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Особенности конституционно-правового статуса человека и гражданина в Республике Таджикистан) таҳти роҳбарии сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Каримзода У.К. иштирок намуд.
Аз 29 сентябр то 24 ноябр давраи якуми озмун гузаронида шуда буд, ки курсанти мазкур аз он бо муваффақият гузашт ва аз тарафи Комисияи озмун ба давраи дуюм пешниҳод карда шуд. 28 ноябри соли 2023 давраи дуюми озмун дар шакли он-лайн (маҷозӣ) гузаронида шуд, ки дар номинатсияи мазкур 26 нафар курсантон аз муассисаҳои олии таълимии ВКД Россия (Донишгоҳҳои ВКД Россия дар шаҳрҳои Москва, Краснодар, Санкт-Петербург, Донишкадаҳои ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул, Орел, Уфа, Иркутск, Хабаровск ва ғ.), Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолона иштирок намуданд.
Дар рафти озмун курсант Қурбонализода М. аз ҳамаи давраҳои озмун бошарафона гузашта, ба саволҳои аз тарафи Комиссияе, ки дар ҳайати он аз олимони соҳаи давлат ва ҳуқуқ, инчунин ҳуқуқи конститутсионӣ, профессорону омӯзгорони Донишкадаи ҳуқуқшиносии Урали ВКД Россия иборат буд, пурра ҷавоб дода, дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, инчунин мақоми онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дониши баланди назариявӣ нишон дод.
Дар натиҷа, баъди ба ҳисоб гирифтани овозҳо ва холҳо Комиссия ба хулоса омад, ки М. Қурбонализода дар номинатсияи худ сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи 2 мебошад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантнон ва шунавандагони Академияи ВКД М. Қурбонализодаро бо ғалабаи шоён дар омзмуни байналмилалӣ табрик намуда, сарбаландӣ, комёбиҳо ва дар фаъолиятҳои минбаъдаи илмиву эҷодиашон бурдбориҳоро таманно менамоянд.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...