Нигоҳубини оромгоҳҳо
25-уми ноябр бо дастури сардори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ беш аз 200 нафар курсантони таълимгоҳ дар оромгоҳҳои пойтахт заҳмат кашиданд.
Дар зери роҳбарии муовини сардори Академияи ВКД оид ба низом, полковники милитсия Собирзода Аловуддин, сардори воҳиди таълимӣ-низомӣ, подполковники милитсия Раҳимзода Зоир ва муовини сардори воҳиди таълимӣ-низомӣ, майори милитсия Нуроншои С. курсантони таълимгоҳ ба ду гурӯҳ тақсим шуда, дар ду оромгоҳи пойтахт кор карданд.
Тарбияи насли наврас дар ин самт дар оянда ба баланд бурдани сатҳи эҳтиром ба гузаштагон ва пос доштани хотири онҳо мусоидат хоҳад кард.