Танзими ҳуқуқии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соҳаи иҷтимоӣ муҳимтарин низоми ҷомеа ҳамчун шохаи фаъолияти ҷамъиятӣ маҳсуб ёфта дар он сиёсати иҷтимоии давлатӣ ва маҳалӣ амалӣ мегардад. Соҳаи мазкур ба фароҳам овардани шароит бобати баландбардории некӯаҳволии шаҳрвандон, қаноатмандии маънавӣ ва моддии онҳо, инчунин барои таъмини зиндагии шоистаи ҷамъият нигаронида шудааст. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад ҷузъи муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ буда он ба фароҳам овардани кафолатҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва имкониятҳои воқеии ҳар як шахс барои амалӣ намудани ҳуқуқҳо, таъмини сатҳи муносиби некуаҳволии мардум, ки барои мавҷудият ва рушди мӯътадили шахсият зарур аст, нигаронида шудааст.
Ҳифзи иҷтимоӣ дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар мадди аввал истода таҳкими муносибатҳои онро саравари давлати тоҷикон пайваста мавриди амал қарор медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар танзими ҳуқуқии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Сарвари давлат дар тартиб додани қонунхо ва стратегияҳои беҳтар намудани шароити меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон фаъолона корҳои шоиста ва беназиро дар амал татбиқ менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи корҳои созанда ҳамасола музди маош, нафақа ва дигар ҷубронпулиҳоро дар ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пайваста баланд мебардорад, ки ин дар танзими ҳуқуқии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.
Масъалаи мазкур дар Паёми имсола низ ироа гардид бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ музди меҳнат зиёд карда шуд,
аз ҷумла:
– аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз;
– аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз;
Ҳамчунин аз 1-уми июли соли 2023:
– андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз;
– нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шуд;
Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи аз меъёри нафақаи заминавӣ 20 фоиз.
Вобаста ба масъалаҳои мазкур қайд намудан бо маврид мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди давлати соҳибистиқлол корҳои созандаи бенназирро ба амал бароварда ҳифзу манфиатҳои миллиро дар заминаи нигоҳдошт ва дастгирии ҳифзи иҷтимоиёт бароҳ мондааст.
Дар баробари меҳнатҳои шоёни Сарвари давлат, бояд тамоми хизматчиёни давлатӣ ва маҳаллӣ софдилона фаъолиятро бароҳ монда ба давлату миллат содиқона хизмат намоянд, яъне мо мардуми шарафманди Ҷуҳурии Тоҷикистон дар зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои беназири миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дар танзими ҳуқуқии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф набуда, саҳми худро содиқона гузорем.
Гулзода Д.М., лейтенанти калони милитсия,
Анварзода А.А., лейтенанти калони милитсия.