Аз назария ба амалия
Дар асоси супориши роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷадвали машғулиятҳои таълимӣ, 1-уми декабри соли 2023, дарси амалӣ дар якҷоягӣ аз тарафи кафедраҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ, кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ ва кафедраи ҳарбӣ-хизматӣ барои курсантон дар шароитҳои воқеӣ (максималӣ) наздикбуда бо иштироки сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Ғафурӣ М.С., сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Самиев Н.М. ва муовини сардори факултет оид ба қисми таълим, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. гузаронида шуд.
Мақсади гузаронидани дарсӣ амалӣ мустаҳкам кардани дониши назариявии курсантон, оид ба дастгир намудани ҷинояткорон, пайвастани малакаи амалӣ оид ба тартиб додани ҳуҷҷатҳои оперативӣ-хизматӣ ва мурофиавӣ, инчунин ҳаракатҳои тактикӣ оид ба дастгир намудани ҷинояткорон, ҳамкории кормандони оперативӣ бо дигар хизматҳои МКД ва инчунин бо намояндаҳои ҷамъиятӣ дар амалия истифода бурдани воситаҳои оперативию-техникӣ дар гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, оид ба риояи қонуният ва иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ равона карда шудааст.
Сараввал аз тарафи курсантони курси 5 дарси амалӣ аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба дастгир намудани ҷинояткорон, ки бо гардиши ғайриқонуни маводи нашъадор машғул мебошанд, гузаронида шуд. Дар он курсантони курси 5 тарзи дастгиркунии ҷинояткорон, азназаргузаронии воситаи нақлиёти ба ҷинояткорон тааллуқдошта, дарёфти маводи нашъадор, тартиб додани ҳуҷҷатҳои оперативӣ-хизматӣ ва мурофиавиро дар амал нишон доданд.
Баъдан аз тарафи курсантони курси якум машқҳои амалӣ дар мавзуи «Ҳаракатҳои тактикӣ дар амалиёти ҷангӣ бо истифодаи силоҳи оташфишон» намоиш дода шуд.
Инчунин аз тарафи курсантони курси 4 тартиби азназаргузаронии ҷойи ҳодисаи куштор бо таври амалӣ гузаронида шуд. Дар он курсантони курси 4 тарзи азназаргузаронии ҷасад, гирифтани далелҳои шайъӣ, пурсиши шоҳидон, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар ҳаракатҳои тафтишотиро дар амал нишон дода, ҳамзамон ҳуҷҷатҳои мурофиавиро омода намуданд.
Мақсад аз гузаронидани чунин машғулиятҳо баланд бардоштани маҳорату малакаи дониши курсантон дар амалия мебошад. Курсантон бо таассуроти баланд мазмуни дарсҳои мазкурро қабул намуданд.
Ревазода М.Р., муаллими кафедраи ФОҶ МКД, лейтенанти калони милитсия