Масоили иқтисодӣ ва дурнамои он дар Паёми Пешвои миллат
Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паём баромад менамояд. Паёми навбатии роҳбари давлат дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе ба Маҷлиси якҷояи аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ироа гардид.
Дар оғози Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид. Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд». Ба ин нигоҳ накарда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас дар ин самт андешид.
Чӣ тавре, ки Пешвои миллат иброз намуданд: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ чанд соли охир дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ қарор гирифтааст. Ба ин шароити душвор нигоҳ накарда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки монеаҳои душворро паси сар намуда, аз лиҳози иктисодӣ ба натиҷаҳои назаррас муваффақ гардад. Аз ҷумла дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд Барои пешрфти ҳар як кишвар ғанигардонии буҷаи давлатӣ хеле муҳим мебошад, бинобар ин ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид».
Вобаста ба масоили муҳими иқтисодӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ як қатор дастур ва пешниҳодҳои мушаххасро ироа намуданд:
1.Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади татбиқи ҳадафу афзалиятҳои рушд бояд раванди банақшагирии стратегиро дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ пурра ҷорӣ карда, барои иҷрои нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ пешбинишуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
2.Вазорати молияро зарур аст, ки тибқи принсипҳои банақшагирии стратегӣ ва низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ минбаъд низ доир ба масъалаҳои интизоми молиявӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, шаффофияту тобеият ва таҳияи босифати буҷети давлатӣ, инчунин, рақамикунонии соҳа чораҳои амалӣ андешад.
3. Кумитаи андоз вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо мақомоти марбута ҷиҳати беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, инчунин, истифодаи ҳатмии дастгоҳи назоративу хазинавии дар реҷаи вақти воқеӣ амалкунанда ва низоми хазинаҳои маҷозӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ гардонад.
4.Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намояд.
Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.
5. Аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бояд тадбирҳои зарурии фаврӣ ва қатъӣ андешида шаванд.
6. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
Дар ин самт, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад.
7. Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон корро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда вусъат бахшад.
8. Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳала ба марҳала сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани металлҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
9. Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусиро, ки аз кор бозмондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд, таъмин созанд.
10. Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати тақсимоти барқ»-ро зарур аст, ки татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқро ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ ва насби беш аз 800 ҳазор ҳисобкунаки барқиро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
11. Хадамоти алоқа вазифадор аст, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру
12. Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон оид ба гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили гуногуни иқтисодии кишварро дар бар гирифта, дурнамои онро барои тарққиёти иқтисодии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои оянда муайян намудааст.
Раҳимзода А.А., дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия