Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳсил, истироҳат ва фароғат

411Дар барномаҳои таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои курсантону шунавандагони гурӯҳҳои таълимӣ ҳатман чанд маротиба дар раванди соли таҳсил дидан намудани ҷойҳои таърихӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.412
Маҳз, тавассути татбиқи ин нақшаҳо шогирдон ба ҳаёту фаъолияти пойтахти кишварамон аз наздик шинос шуда бо шахсиятҳои фарҳангӣ, олимону шоирон, нависандагон ва дигар арбобони шоистаи миллат ошноӣ пайдо мекунанд.
413Рӯзи гузашта ҳам як теъдоди курсантони факултети №6-и Академияи ВКД зери роҳбарии муовини сардори Академияи мазкур оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Шарифзода Мирзо, сардори факултет, подполковники милитсия Амруддинзода Муҳриддин ва сарвари Шурои собиқадорони Академияи ВКД, полковники мустаъфии милитсия Абдуллоев Аъзам намоишномаи “Кампир ёбам, дадаҷон?!”-и Х.Холиқовро, ки мазҳакаи иҷтимоӣ буда, фарогири масъалаҳои хонаводагӣ, муносибати фарзандону волидон, гиромидошти ахлоқу одоб ва расму ойинҳои миллӣ мебошад, бо шавқу завқ тамошо карданд.
Баромади ҳунармандон: Асалбек Назриев, Султонмурод Бобомуродзода, Салоҳиддин Шукуров, Мастура Ортиқзода, Боймурод Ҳаитов, Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода, Зулхумор Иброҳимова, Сония Наврӯзова ва дигарон ба курсантон хуш омад.
Ҳайати ташрифоварда ба коргардон - таҳиягар Қурбонзода Баҳром ва ёваронаш изҳори сипос баён карда, ба ҳунармандон комёбиҳо таманно намуданд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...