Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - таҳкимбахши арзишҳои давлатдорӣ

410Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар, 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян сохта, муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ, халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф кард ва барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ шароити созгор муҳайё намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосии давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, заминаи бунёдии давлатдории миллии тоҷик мебошад.
Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, аз муқаддимаи мухтасар, ки пеш аз матни асосии Конститутсия дода шудааст, оғоз меёбад. Агарчӣ дар муқаддима меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷой надоранд, вале бо вуҷуди ин ҳолатҳои дар он зикрёфта, барои тамоми матни Конститутсия хусусияти заминавӣ доранд. Чунки дар онҳо аз номи халқи Тоҷикистон сабабу асосҳои қабули Конститутсия ва мувофиқи мақсаду мароми халқ муқаррар кардани меъёрҳои конститутсионӣ нишон дода шудааст. Ҳар як қисми муқаддима бо ин ё он бобу моддаҳои Конститутсия алоқамандӣ дорад. Масалан, дар муқаддима дар хусуси муқаддас донистани озодӣ ва ҳуқуқи шахс гуфта шудааст, ки он ба мазмуни матни моддаи 5 ва боби 2-юм (моддаҳои 14-47) ва баъзе моддаҳои боби 8-ум таъсири бевосита мерасонад.
Пайдоиши боби алоҳида дар бораи асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон ва аз он оғоз ёфтани матни Конститутсияи мазкур дар таҷрибаи конститутсионии ҷумҳурӣ чизи нав мебошад. Акнун боби якуми конститутсия аз 13 модда иборат буда, дар онҳо хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, рамзҳои давлатӣ, дахлнопазирии инсон ва ҳуқуқҳои инкорнашавандаи ӯ, соҳибихтиёрии халқ, ягонагии давлат ва сохти маъмурию ҳудудии он, кафолати гуногунии равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, эътибори олии ҳуқуқии конститутсия ва таъсири ҳуқуқи байналмилалӣ ба Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон, усулҳои асосии самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, гуногуншаклии моликият ва объектҳои моликияти истисноии давлат муқаррар ва нишон дода шудаанд.
Баробари ин бояд ба эътибор гирифт, ки ҳолату меъёрҳои боби якуми Конститутсия барои дигар бобҳои он хусусияти муайянкунӣ ва таъсискунӣ доранд, гарчи меъёрҳои боби якум хусусияти мустақиман амал кардан доранд. Масалан, моддаи 9 Конститутсия бо вуҷуди он, ки ҳаҷман хеле мухтасар аст, аммо дар он усули муҳимтарини ташкилу фаъолияти мақомоти давлатӣ ва асоси муайян кардани ҳадди салоҳияти онҳо муқаррар карда шудааст. Мувофиқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Яъне ҳамаи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамин се шакл ё узв амалӣ гардонида мешавад. Ҳар як намуди мақомоти давлатӣ ба яке аз ин се шоха тааллуқ дорад ва ҳеҷ як мақомоти давлатӣ аз он берун ва ё хилофи он ташкил ёфта, амал карда наметавонад. Бинобар ин, дар бобҳои 3, 4, 5, 8, ва 9-и Конститутсия усули дар моддаи 9 муқаррар гардида, бо роҳи ҷудо кардани салоҳияти ҳар яке аз узви ҳокимияти давлатӣ ва риоя кардани усули боздорӣ ва мувозина асосан татбиқ шудаанд.
Ба ҳамин тариқ мазмуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 бо тағйиру иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 давраи нави ташаккули давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон, моҳият ва мазмуни фаъолияти давлат, ҳолати ҳуқуқӣ-конститутсионии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии ВМКБ, сохти маъмурию ҳудудии Тоҷикистон, низом, тарзи таъсисёбӣ ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ, таъсиси мақомоти худидоракунии маҳаллиро инъикос мекунад. Меъёрҳои конститутсия хислати таъсиснамоӣ, муқаррарсозӣ, муайяннамоӣ ва танзимнамоӣ дошта, мазмуни конститутсия дар сатҳи баланди ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ифода ёфтааст.
Муродов Сино, курсанти курси 3 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...