Ифтитоҳи студияи телевизионӣ дар Академияи ВКД
Дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ студияи муосири телевизионӣ ва студияи сабти овоз муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои рақамӣ расман кушода шуд.
Дар расми ифтитоҳ Вазири корҳои дохилӣ ба роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ барои дар муддати кӯтоҳ омода намудани чунин як студияи замонавӣ арзи сипос намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки студияи мазкур метавонад дар оянда ба як маркази муҳими маърифатӣ, фароғатӣ ва дастовардҳои Мақомоти корҳои дохилӣ табдил ёбад.
Мақсад аз таъсиси чунин студия ба роҳ мондани таълиму тарбияи кадрҳои болаёқати мақомоти ҳифзи хуқуқ дар сатҳи боз ҳам беҳтару хубтар ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои беҳтарини даврони муосир мебошад. Ҳамчунин дар студия метавонанд курсантону омӯзгорон ба таври фаъол ширкат намуда, санъати суханварии худро сайқал диҳанд.
Дар рафти ифтитоҳи студия нахустин мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид, ки мавсуф ба кори он дар инъикоси фаъолияти милитсия бурдбориҳо орзу намуд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки корманди милитсия дар баробари ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бояд дорои маданияти бойи муошират ва фарҳанги касбӣ бошад.
Дар хотима Вазири корҳои дохилӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамагонро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар ҷодаи хизмат ба Ватан ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолият барору комёбиҳои беназир таманно намуд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.