Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки дастаи Академияи ВКД дар мусобиқаи даставии шоҳмотбозон

406

Ҳарчанд таърихи дақиқи пайдоиши шоҳмот равшан нест, бозёфтҳои археологии дар Миср, Ироқ ва Ҳиндустон пайдогардида аз он башорат медиҳанд, ки то соли 570 то милод бозии шоҳмот роиҷ гардида буд. Сайри таърихии шоҳмот аз Ҳиндустон ба ақсои олам оғоз мешавад. Имрӯз шоҳмот чун навъи варзиш шуҳрати беандоза дошта, дар тамоми кишварҳои дунё шуғли писандида аст. Далели гуфтаҳои боло дар он аст, ки рӯзи 29 ноябри соли 2023 дар ш. Краснодари Федератсияи Россия мусобиқаи даставӣ оид ба шоҳмот байни ҳайти доимӣ ва тағйирёбандаи мактабҳои олии таълимии ВКД ИДМ баргузор гардид, ки ташкилкунандаи он Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар буд.407
Мақсади гузаронидани чунин чорабинии варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим ва инкишоф додани шоҳмот мебошад. Мусобиқа дар шакли онлайн дар платформаи интернетии LICHESS гузашт. Дар чорабинӣ аз ҳар як мактаби олии таълимии ВКД даста аз 3-нафар иштирокчие, ки дар ҳайати он 1 нафар - намояндаи ҳайати доимӣ ва 2 нафар - аз ҳисоби ҳайати тағйирёбанда иборат мешуд, иштирок доштанд.
408Ҳамагӣ дар мусобиқа 9 дастаҳо аз Донишкадаи ВКД Россия дар ш. Санкт-Петербург, дастаи худи Донишгоҳи ВКД дар ш. Краснодар, инчунин, дастаҳо аз Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Воронеж, Академияи ВКД Ҷумҳурии Белоруссия, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Алмато, Академияи ВКД Ҷумҳуриҳои Арманистон, Озорбойҷон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.409
Аз номи Академияи ВКД Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Одиназода А.Ш., курсантони курси 2 факултети № 3, милитсионерони қаторӣ Сафоев Р.Б. ва Сафоев М.Б., инчунин, ҳамчун бозингари эҳтиётӣ курсанти курси 3 факултетти № 5 Адҳамов А. иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки Академияи ВКД дар чунин мусобиқаҳо барои аввалин ширкат намуд ва ин қадами аввалин дар саҳифаҳои таърихи муассисаи таълимӣ абадӣ хоҳад монд.
Мусобиқа аз рӯйи системаи швейтсарӣ (даврабозӣ) гузаронида шуда, назорати вақт барои ҳар як бозӣ 5 дақиқа барои ҳар як иштирокчӣ бо иловаи 10 сония барои ҳар як ҳаракати анҷомдодашудаи аз аввал бозӣ сар карда буд. Ҳангоми гузаронидани мусобиқа барномаи компютерии SWISS MANAGER истифода мешуд. Ғолибони мусобиқа аз рӯйи миқдори бештари холҳое, ки аъзоёни даста гирифтаанд, муайян карда шуд.
Дар натиҷа, ҷойи аввал бо 55 хол насиби Донишкадаи ВКД Россия дар ш. Санкт-Петербург шуд, ҷойи дуюмро Донишкадаи ВКД Россия дар ш. Краснодар ва ҷойи сеюмро Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларуссия гирифтанд. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 14 хол ҷойи шашумро гирифт. Бо назардошти он, ки дастаи Академияи ВКД бори аввал дар ин гуна мусобиқа ширкат меварзад, ҷойи шашум нишондиҳандаи хеле хуб мебошад.
Боварӣ дорем, ки ба даста тайёрии хуб ва донишҳои аъло барои ишғол намудани ҷойҳои сазовор дар мусобиқаҳои минбаъдаи ин намуди варзиш ёрӣ мерасонанд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...