Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғалабаи барҷастаи курсанти Академияи ВКД дар озмуни илмии байналмилалӣ

398Корҳои илмӣ-тадқиқотии курсантони Академия яке аз воситаҳои асосии баланд бардоштани сифатнокии тайёр кардани мутахассисони лаёқатманд мебошад, ки барои дар фаъолияти ояндаи амалии худ ба таври самаранок татбиқ намудани дастовардҳои илму техникаи муосир кумак мерасонад. Инчунин ин намуди фаъолият имконият медиҳад, ки чунин мутахассисон қудрати эҷодии худро, ки дар ин самт бунёд кардаанд, барои ҳалли масъалаҳои мубраме, ки дар назди мақомоти корҳои дохилӣ истодаанд, самаранок истифода баранд. Ин аст, ки моҳҳои август-ноябри соли ҷорӣ дар Донишкади ҳуҳуқушиносии Уралии ВКД Россия (ш. Екатеринбург) озмуни байналмилалӣ байни курсантон ва шунавандагон таҳти унвони “Сохтмони давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ” (Государственное стротиельство и международные отношения” баргузор гардид.399
Дар номинатсияи “Масъалаҳои мубрами танзими конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ-байналмилалии рушди давлатӣ-ҳуқуқӣ” (Актуальные проблемы конституционного и международно-правового регулирования государственно-правового развития) курсанти курси 3-юми факултети № 2 Академияи ВКД, сержанти хурди милитсия Қурбонализода М.Н. бо таҳқиқоти илмии худ дар мавзуи «Хусусиятҳои мақоми конститутсионӣ-ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Особенности конституционно-правового статуса человека и гражданина в Республике Таджикистан) таҳри роҳбарии сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Каримзода У.К. иштирок намуд.
400Аз 29 сентябр то 24 ноябр давраи якуми озмун гузаронида шуда буд, ки курсанти мазкур аз он бо муваффақият гузашт ва аз тарафи Комисияи озмун ба давраи дуюм пешниҳод карда шуд. 28 ноябри соли 2023 давраи дуюми озмун дар шакли он-лайн (маҷозӣ) гузаронида шуд, ки дар номинатсияи мазкур 26 нафар курсантон аз муассисаҳои олии таълимии ВКД Россия (Донишгоҳҳои ВКД Россия дар шаҳрҳои Москва, Краснодар, Санкт-Петербург, Донишкадаҳои ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул, Орёл, Уфа, Иркутск, Хабаровск ва ғ.), Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолона иштирок намуданд.
Дар рафти озмун Қурбонализода М.Н. аз ҳамаи давраҳои озмун сарбаландона гузашта, ба саволҳои аз тарафи комиссия, ки дар ҳайати он олимони соҳаи давлат ва ҳуқуқ, инчунин ҳуқуқи конститутсионӣ, профессорону омӯзгорони Донишкадаи ҳуқуқшиносии Урали ВКД Россия иборат буд, пурра ҷавоб дода, дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, инчунин мақоми онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дониши баланди назариявӣ нишон дод.
Дар натиҷа, баъди ба ҳисоб гирифтани овозҳо ва холҳо Комиссия ба хулоса омад, ки М. Қурбонализода дар номинатсияи худ сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи 2 мебошад.
Барои ғолиб баромадан дар озмуни байналмилалӣ ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД М.Қурбонализодаро бо ғалабаи шоён табрик намуда, сарбаландӣ, комёбӣ ва пешравиҳоро дар фаъолияти минбаъда ва илмиву эҷодиашон таманно мекунанд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...