Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зарурияти такмили институтҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар замони имрӯза

396Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давлат мавҷудияти тартиботи пурра боиси он мегардад, ки фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо таъмин карда шуда, шаҳрвандон дар шароити арзандаи зиндагонӣ умр ба сар баранд. Албатта, ки дар ҳар як марҳилаҳои таърихии ҳаёти инсоният субъектони таъмини тартиботи ҷамъиятӣ фаъолият намуда, новобаста аз дигаргунии ном аслан вазифаҳои якхела доштанд ва аз ҷиҳати махсусият як самти фаъолияти давлатро амалӣ менамуданд. Ҳамчунин, дар қатори субъектони давлатӣ таърих собит менамояд, ки халқ қувваи боэътимоди пешбаранди самтҳои гуногуни фаъолияти давлат, аз ҷумла самти фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ баромад мекард.397
Шаклҳои иштироки бевоситаи халқро дар амалигардонии самти давлат дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳар як форматсияи давлатдорӣ ҳаргуна намоён ва баҳогузорӣ менамояд.
Замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили фаъолияти ҳамкории шаҳрвандон ва институтҳои ҷамъиятӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷиҳати сохтори ташкилӣ ва иҷрои вазифаҳо мазмуни нав бахшид.
Ба инобат гирифтани афкори ҷомеа дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби милитсия ҳанӯз дар соли 1992 бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милиса» пешбинӣ гардидааст. Дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда буданд, фронтҳои халқӣ ташкил гардида буд, ки саҳми онҳо дар барқарорнамоии сохтори конститутсионии давлат ниҳоят зиёд буд ва он нишонаҳои фаъолияти институтҳои ҷамъиятиро доро буд.
Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аслан танзими ҳуқуқии фаъолияти ҳама гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз соли 2007 муайян карда мешавад. Қонуни мазкур аслан фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии хусусияти ҳифзиҳуқуқидоштаро ба таври умумӣ муайян менамояд.
Бо мақсади дар амал воқеӣ гардонидани муқаррароти қонуни болозикр дар самти ташкили фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии хусусияти ҳифзиҳуқуқӣ соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» қабул гардид, ки муқаррароти он оид ба фаъолияти дастаҷамъонаи шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мазмунан ба ташкили фаъолияти институтҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур ҳаммаъно дониста мешавад.
Замони аз ҳама пешрафти фаъолияти институтҳои ҷамъиятиро дар таъмини тартиботи ҷамътиятӣ марҳилаи ба амал баровардани ислоҳоти милитсияи давраи истиқлоли давлатӣ ташкил менамояд, ки он дар даври аввал солҳои 2013-2020 ва дар даври дуюм солҳои 2021-2025-ро дар бар мегирад. Маҳз дар ҳамин давраҳо Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020, Низомнома дар бораи фаъолияти Шуроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсия соли 2014, Низомнома дар бораи фаъолияти Шуроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ соли 2017, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» соли 2023 қабул карда шудаанд.
Ҳар як санади меъёрии дар боло зикршуда дар ин ё он самт фаъолияти институтҳои ҷамъиятиро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба танзим медароранд ва яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти милитсияро дар ҳамкории милитсия бо ҷомеа муайян менамоянд.
Зарурияти такмили фаъолияти институтҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар замони муосир бараъло меафзояд. Чунки мо айни замон дар давраи бархурди манфиатҳои байнидавлатӣ, таҳдиди хатарҳои фаромиллӣ, хатарҳои эҳтимолии ғасби ҳокимияти қонунӣ аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳ қарор дорем. Аз ин ҷиҳат таъмини тартибот дар давлат бояд хусусияти оммавиро касб намояд. Яъне, ҳар як фарди дар хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар самти мазкур бояд саҳми худро гузорад.
Оид ба зарурияти такмили фаъолияти институтҳои ҷамъиятии таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳарф зада, бояд таъкид намуд, ки аллакай заминаи ҳуқуқии ташкили фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мукаммал ҷой дорад, аммо амалияи татбиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар ин самт метавон гуфт, ки аз мушкилот тамоман орӣ нест.
Барои тақвияти фикр қайд намудан ба маврид аст, ки шуроҳои ҷамъиятие, ки айни замон дар назди мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият менамоянд, сирф хусусияти ҷамъиятӣ надоранд. Чунки нақшаи кори онҳо аз ҷониби мақомот тасдиқ шуда, нозири минтақавии милитсия дар минтақаи хизматӣ аъзои ҳатмии шуроҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин аксарияти аъзоёни шуроҳои ҷамъиятӣ собиқ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд ва рафтори корманди милитсияро ҳоло ҳам аз худ дур накардаанд. Баъзе аз шуроҳои ҷамъиятӣ то ҳол дар дохили дастгоҳои кории мақомот фаъолият менамоянд, ки имконияти муроҷиати шаҳрвандонро ба онҳо кам мегардонад.
Оид ба зарурияти такмили фаъолияти институтҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияти онҳо хусусияти ҳифзиҳуқуқӣ дорад ва дурнамои босамари фаъолияти онҳо чунин пешниҳодҳоро манзур менамоем:
1. Ба инобат гирифтани ташаббусҳои бештари аъзоёни институтҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла шуроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ дар омода намудани нақшаҳои кории онҳо;
2. Аз бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаронидани аъзоёни шуроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ;
3. Таъсиси шуроҳои ҷамъиятӣ вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла дар самтҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, таъмини қоидаҳои бехатарии ҳаракати роҳ, пешгирии ҳолатҳои нашъамандӣ ва ғайра.
4. Аз биноҳои маъмурии МКД дуртар ҷойгир намудани дафтари кории шуроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ;
5. Тарғибу ташвиқи фаъолияти институтҳои ҷамъиятӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба воситаи телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма.
Ҳамин тавр, мо ки дар марҳилаи таҳлил ва коркарди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» қарор дорем бояд дар он меъёрҳои зарурӣ оид ба танзими фаъолияти институтҳои ҷамъиятӣ муқаррар карда шаванд.
Раҳимзода Абдуҷалил Раҳим, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...