Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам – яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдории миллӣ

39424-уми ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта шуд. Дар Душанбе дар ин рӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 15 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда, таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.395
30-августи соли 2011 дар Душанбе Парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр буда, баландтарин пояи Парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон ба шумор меравад. 9-уми сентябри соли 2011 Рӯзи таҷлили 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 15 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад: дар болои биноҳо ва қароргоҳҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) ва дигар сохторҳои давлатӣ доимӣ гузошта мешавад.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон -Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ” ба ҳисоб мераванд. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад.
Парчами нави давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Иҷлосияи Шӯрои Олӣ, 24-уми ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст. Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда доштанд. Аз муаллифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз дусад пешниҳод вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардида буд.
Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва Кумитаи ҷумҳуриявӣ оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озмун аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатӣ гурӯҳи масус интихоб карда шуд, ки ба он Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев - роҳбар ва лоиҳакаш Лариса Додхудоева - рассом ва санъатшинос, Анатолий Заневсий - президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина - санъатшинос ва ходими Хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон шомил буданд.
Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурху сабз ва бари матоъ бошад, якуним баробари дарозии онро ташкил менамуд.
Вазифаи мо, насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.
Бояд қайд намуд, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми декабри соли 1992 “Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 12-уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат - Парчами Тоҷикистон, бо Фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро “Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон карда, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ба парлумони кишвар пешниҳод намуданд.
Раҳимзода Абдуҷалил Раҳим, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...