Рӯзи Президент - рамзи саодати миллат
Ҳамасола дар Ватани азизамон - Тоҷикистон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тӯли асрҳо мебошад.
Гарчанде, ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат аҳамияти хоси худро доранд, аммо дар миёни онҳо “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мақоми махсусро касб менамояд.
Муайян гардидани рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад. Зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунандаи ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди оқилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор карда, бо қадамҳои қатъӣ сӯи сулҳу осоиш ва рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи тадбирҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ин ба андешаи мо барои тасдиқу исбот зарурат надорад.
Бигузор, хуршеди озодиву истиқлол ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад.
Раҳимзода Абдуҷалил Раҳим, лейтенанти калони милитсия