Хоҷагидорӣ дар Академияи ВКД
Дар баробари дигар самтҳои фаъолият хоҷагидорӣ низ дар Академияи ВКД доимо ва ҳамарӯза дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ қарор дорад. Ҳар ваҷаб замини ҳудуди он самаранок истифода бурда шуда, пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар гӯшаву канори таълимгоҳ беш аз ҳазор адад дарахтони мевадиҳанда, беш аз ҳазор адад дарахтони сояафкан парвариш меёбанд ва ҳамасола аз натиҷаи меҳнату заҳмати корҳои обчакорӣ, полезӣ ва ғайра ба анбори таълимгоҳ якчанд тона картошка, пиёз, капуст, сабзӣ, шалғам, бодринг, помидор ва дигар меваҳои истеъмолкунанда ҳосилғундорӣ карда шуда, ба дастархони ошхонаи курсантон маҳсули меҳнат дастрас карда мешавад.
Овардан ва шинонидани дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, гулу гулкорӣ кардани ҳудуди корхона доимо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбари муассиса, шахсияти нотакрор, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ қарор дорад. Рӯзи гузашта ҳам корҳо дар ин самт идома ёфтанд.
Дар ҳудуди таълимгоҳ аз ҷониби роҳбарият ва кормандони шуъбаи хоҷагидорӣ 50 адад ниҳоли арча, 10 адад ниҳоли себи сурх, 10 адад ниҳоли себи зард, 10 ниҳоли гелос ва 100 адад ниҳоли олуболуи сиёҳ шинонида шуд.
Ниҳолҳои шинонидашуда оянда ба бор омада аз натиҷаи маҳсули онҳо одамон шод хоҳанд гашт!