Ҷамъомади тантанавӣ дар факултети №4 Академияи ВКД бахшида ба Рӯзи Парчам
24-уми ноябри соли 2023 дар майдони сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (воқеъ дар шаҳри Хуҷанд), ҷамъомади умумӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Самиев Назар Мурадович, сардори шуъбаи кор бо ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Музаффарзода Баҳодур Зариф ва ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда баргузор гардид.
Ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ дар майдони сафории факултет сутуни Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки дар ҳузури меҳмонон ва роҳбарият бо садо додани Суруди миллӣ аз тарафи курсанти беҳтарин, милитсияи қаторӣ Ализода Алиҷон Қадамбек, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бардошта шуд.
Чорабинии идонаро сардори факултети мазкур, н.и.ҳ., полковники милитсия Ғафурӣ М.С., ҳусни ифтитоҳ бахшида хозиринро бо таҷлили Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд. Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар саросари Ҷумҳурии азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил шуда истодааст.
Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ буда, нишонаи ҳастии кишвари соҳибистиқлол мебошад. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодони сарбаландамон мерос мондааст. Агар ба рамзҳои Парчами миллӣ назар намоем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардум аст.
Инчунин дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия Ғаффорӣ М.Ғ., дар мавзӯи «Парчам рамзи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ» бо маърӯза баромад намуда, дар суханрониаш таъкид намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек, давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад. Чорабинии идона бо гузашти низомӣ анҷом ёфт.
Қисми таълимии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд