Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Академияи ВКД
24-уми ноябр ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол Иди Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин санаи муборак дар Академияи ВКД низ дар майдончаи сафороӣ бахшида ба рузи Парчами миллӣ чорабинии тантанавӣ доир гардида, Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.
Муовини сардори Академияи н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш. бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикот баромад намуда, ҳамаи ҳайати шахсии Академияро аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академия табрику муборакбод намуд.
Дар суханронӣ муовини сардори Академияи н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш. аз таърихи парчамдорӣ ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва қабули рамзҳои давлатӣ ёдовар шуд.
Баъд аз табрикот расми гузашти низомии ҳайати шахсӣ аз назди Парчами давлатӣ баргузор гардид.
Вобаста ба Иди Парчами давлатӣ дар Академияи ВКД хонишҳои сиёсӣ дар гурӯҳҳои таълимӣ ташкил гардида ва намоиши китобҳои бадеӣ баргузор гардид.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ВКД дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид, ки ифодагари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу амният ва Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.