Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ
23-юми ноябри соли 2023 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо суханони муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, бо ин иди фархунда ҳозиринро табрик намуд.
Ба чорабинии мазкур меҳмонон: Мусоева Рафиқа Ғаниевна - узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими намоёни давлатӣ, н.и.т., арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Мирзоева Ҳусноро - ходими намоёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида буданд. Зимни суханронии худ Мусоева Рафиқа Ғаниевна қайд кард, ки 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI - таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистонро таъсис дода, минбаъд ин санаро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд. Дар ин рӯз аҳолии кишвар худро бори дигар ҳамдилу ҳамнабзи он рӯзҳои таърихӣ дониста садоқати худро ба ин муқаддасоти олӣ ифода менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам бою ғанӣ гардонидани ҳисси ватандориву ифтихори миллӣ 30-юми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе – пойтахти кишвар Парчами давлатии Тоҷикистонро бо тамоми шукуҳу ҷалоли нотакрораш, бо баландии 165 метр парафшон намуданд.
Омӯзгорон ва курсантони Академия Самиъзода Бахтиёр Салим – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Парчами давлатӣ омили муттаҳидсозандаи нерӯҳои ҷомеа дар атрофи манофеи миллӣ», Раҳмонзода Шукрона – курсанти курси 5-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати шеъри Ниҳонӣ дар васфи «Ватан», Солеҳзода Ҳоҷиакбар – курсанти курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати шеъри Ниҳонӣ дар васфи «Парчами мо», Абдуллозода Салоҳиддин – курсанти курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати шеъри Рустами Ваҳҳоб дар васфи «Тоҷикистон», Қурбонова Омина – курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати шеъри Озар Салим дар васфи «Парчами миллӣ» маърӯза ва шеърҳо қироат намуданд.
Ҳамзамон, аъзоёни маҳфили илмии курсантон: «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» дар васфи Парчам бо монтажи адабӣ-таърихӣ баромад намуда, шеърҳо қироат намуданд.
Дар ҷамъомади мазкур намояндагони фаъоли ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар низ ҳузур доштанд.
Дар қисмати дуюми ҷамъомад хотири ҳозиринро бо шеъру таронаи ҳунарманди маъруфи кишвар Тобиш Ҳилолӣ шод намуданд.
Сардори Академия қисмати хотимавии ҷашнро бо фармудаҳои пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунинанд: «…итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд» ҷамъбаст намуда, курсантону шунавандагони Академияро ба хониши хубу аъло даъват кард.
Дар охир, ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Муҳаммад Саъдӣ Абдураҳмон, подполковники милитсия