Ҷалби хонандагон ба таҳсил дар Академияи ВКД
Яке аз вазифаҳои Ассотсиатсияи шӯрои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкил ва гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва хизматрасонии касбӣ аз ҷониби аъзоёни Ассотсиатсия дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ зӯроварии гендерӣ, баланд бардоштан ва мустаҳкам намудани неру ва иқтидори касбӣ, ҳуқуқи кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ тавассути ба роҳ мондани мубодилаи таҷрибаи пешқадами муосир дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва малакаи касбии кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишӣ, аз ҷумла тренинг, семинар, мизи мудаввар ва конфренсияҳо мебошад.
Нақша-чорабиниҳои Ассотсиатсияи шӯроҳои занони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025, ки зиёда аз 20 бандро дар бар мегирад, ҳар як банди он ифодагари фаъолияти пурсамари Ассотсиатсия мебошад. Аз 13 то 16-уми ноябри соли 2023 ҷиҳати иҷрои бандҳои 13 ва 15-и Нақшаи зикргардида, баргузор намудани чорабиниҳо дар доираи “16-рӯзи муқовимат бар зидди зӯроварӣ нисбати занон” ва “Баргузор намудани вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ ҷиҳати ҷалби онҳо дар таҳсил дар муассисаҳои таълимии ВКД ва хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ”, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ховалинг: муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №8-и деҳаи Зардакӣ ва муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №4-и деҳаи Лоҳутӣ вохурӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ Раиси Ассотсиатсияи шӯрои занони ВКД полковники милитсия Давлатшозода Азиза, сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Абдулаҳадзода Абдулвоҳид, сардори факултети №5 Академияи ВКД майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло, намояндагони шабакаи “Ҷавонон тарафдори баробарии гендерӣ” Ҷабборов Фарҳод ва Ҳакимҷонзода Нозанин, оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, ғамхорӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои фаъолияти ҷавонон ва дастгирии пайваста аз ин ду қишри ҷомеа, Барномаҳои давлатӣ дар доираи дасгирии бонувон ва ҷавонон, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ғайра суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби омӯзгорони Академияи ВКД ба хонандагон наворҳо ва слайдҳо аз ҳаёт ва фаъолияти курсантон, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои сиёсии кишвар, аз ҷараёни дарсҳои ҳатмӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятии ВКД ва Академияи ВКД ва ғайра намоиш дода шуд.
Аз ҷониби намояндагони САҲА дар шаҳри Душанбе ба хонандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Давлатшозода А.Ш., полковники милитсия