Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаббусҳои муфиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар партави Паём

190Ҳамасола вобаста ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Паёми навбатии худро ироа менамояд. Дар баробари дигар масоили дохилидавлатӣ ва берунӣ дар паёмҳои навбатии Пешвои муаззами миллат ташаббусҳои муфиди кишвар дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, ҷангу низоъҳои қавмиву мазҳабӣ ва амалҳои террористиву экстремистӣ дар минтақаҳои мухталифи сайёра торафт бештар доман густурда, ба амнияту оромӣ ва суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳо хатар эҷод мекунанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф гардидаанд. Боиси ифихор аст, ки дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд. Агар ба масъалаи мушкилоти оби ошомиданӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ҳамарӯза қариб ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба об вобастаанд, мефавтанд. Пас метавон бо боварӣ иброз намуд, ки норасоии оби тоза аз ба охир расидани захираҳои нафт ҳам муҳимтар буда, мушкилоти рақами яки инсоният дар асри XXI ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархӯрди қудратҳову тамаддунҳо шуда метавонад. Ин ҳам қобилияти дарки амиқ ва саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Бояд иброз намуд, ки «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 – 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷумлаи ташаббусҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Бо ташаббус ва пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардид. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11-уми феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар он намояндаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари муаллиф ва ташаббускор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои обӣ бой аст, вале бо ин вуҷуд барои ҳифзи ин сарвати бебаҳои табиӣ ташаббусҳои заруриро дар сатҳи ҷаҳон пешниҳод менамояд то кишварҳое, ки аз ин ҷиҳат танқисӣ мекашанд бо қабули барномаҳои мушаххас мушкилашонро бартараф созанд. Гуфтан ба маврид аст, ки қариб ҳамаи минтақаҳои табии ҷумҳурӣ бо обҳои зеризаминӣ ба таври кофӣ таъминанд. Дар айни замон обҳои зеризаминӣ эҳтиёҷи бисёр соҳаҳои кишоварзӣ ва нуқтаҳои аҳолинишинро қонеъ мегардонанд.
Об манбаи бузурги истеҳсоли неруи барқ низ мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳои навбатии худ вобаста ба истифодаи ин неъмати табиӣ барои рушди иқтисоди миллӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саҳм гузоштан дар энергияи сабз тадбирҳои муассирро роҳандозӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.
Ин аст, ки имрӯз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд. Даҳсолаи оянда саҳифаи нав барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об хоҳад буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории худ дар соҳаи об ва бозидани нақши фаъол дар ҳалли муаммоҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайравӣ мекунад. Маҳз бо ҳамин мақсад ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳамчун ҳастии ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар пайи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, ботадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Дар ин раванд Роҳбари давлат дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташаббускори фаъол ва пешбари ҳалли масъалаҳои марбут ба об аст, минбаъд низ ҷонибдори истифодаи самараноки захираҳои об хоҳад буд. Об чун мояи асосии мавҷудияти инсон ҳамеша ва дар ҳама маврид бояд сарфакорона истифода шавад. Инсон бояд обро ҳамеша покиза нигоҳ дорад. Он чорабиниҳои глобалие, ки дар сар то сари ҷаҳон дар асри нав барои ҳалли мушкилот оид ба об рафта истодааст, ин ҳама дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ ва таъмини сулҳу субот саҳми шоёни худро гузошта истодааст. Ин ҳама таваҷҷӯҳ ба об моро водор месозад, ки манбаъҳои обиро самараноку сарфакорона истифода намоем.
Ҷалолзода Сорбон Ислом

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...