Иштироки олимони Академия дар он-лайн конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои иҷрои ҷазо
5-уми ноябри соли 2023, дар Академияи идоракунӣ ва ҳуқуқи Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН) дар шаҳри Рязан дар чаҳорчубаи VI-уми форуми байналмилалии пенитенсиарӣ конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Преступление, наказание, исправление», бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Федератсияи Россия ва Қонуни Федералии Россия аз 21 июли с. 1993 № 5473-I «Оид ба муассисаҳо ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Федератсияи Россия» баргузор гардид.
Дар кори конференсияи мазкур дар шакли он-лайн мутахассисони соҳаи пенитенсиарии Тоҷикистон дар симои омӯзгорони Академияи ВКД низ фаъолона иштирок намуданд, ки аз ҷумлаи онҳо – муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. бо маъруза («Возможное развитие института пробации в Таджикистан») ва котиби Шӯрои олимони Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Абдурашидзода А.А. бо маъруза («Низкий уровень профессиональной подготовки персонала исправительных учреждений как одна из актуальных проблем пенитенциарной системы») баромад намуданд.
Ҳамчунин куратори чорабинии мазкур аз Раёсати корҳои тарбиявӣ, иҷтимоӣ ва психологии Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН)-и Федератсияи Россия баромад намуд.
Мақсади конференсия муҳокимаи масъалаҳои такмили кори тарбиявӣ, иҷтимоӣ ва психологӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии таълими касбии кормандони системаи иҷрои ҷазо буд. Дар кори конференсия мутахассисони системаи пенитенсиарии Ҷумҳуриҳои Беларуссия, Қазоқистон, Узбекистон, оид ба таҷрибаи ватании худ дар соҳаи иҷрои ҷазо баромад намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр