Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи мухтасари Паёми Пешвои миллат оид ба хизматҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани музди маоши онҳо

338Бо кӯшишҳои пайвастаи ҳамаи аркони давлатдорӣ, аз ҷумла дар натиҷаи фаъолияти содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаёти мардуми кишвар дар фазои орому осоишта ва суботи комили сиёсӣ қарор дорад.
Давлат ва Ҳукумати кишвар барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфузи ҳифзи қонунияту тартибот, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Қобили зикр аст, ки кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми арзанда гузошта истодааанд.
Вақте ба таърихи гузаштаи милитсияи тоҷик назар мекунем, саҳифаҳои пур аз корнамоиву ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва содиқ ба миллати куҳанбунёду соҳибфарҳангамонро мебинем.
Ҳисси ватандӯстӣ ва садоқату самимият ба уҳдадориҳои хизматӣ дар замири фарзандони бонангу номуси ин мақомот дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳадафу ниятҳои нопоки душманон ва мақсадҳои ғаразноки онҳоро барбод дод.
Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша беш аз 2000 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ ҷони худро аз даст доданд, ки мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем.
Дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро барои заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, ки бо ҳисси баланди ватанхоҳӣ ва ифтихори миллӣ ба хотири ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва иҷрои ҳатмии амру фармонҳои Роҳбари давлат фаъолият мекунанд, изҳор доштанд.
Ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун содиқона заҳмат мекашанд ва ба халқу Ватан бо шарафона хизмат мекунанд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар даврони истиқлол аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-ум вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шуҷоъату мардонагии садҳо нафар кормандони содиқи мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мардуми сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати мамлакат хизматҳои кормандони мақомотро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва барои беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Бояд дарҷ намуд, ки дар давоми солҳои охир даҳҳо иншооту биноҳои маъмурии сохторҳои мақомот, аз ҷумла бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо санъати баланди меъморӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ҳоло дар он на танҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, балки намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ низ таҳсил карда истодааанд.
Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми назаррас дошта, кормандону хатмкардагони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботи кишварамон фидокорона заҳмат кашида, ба Ватан ва халқи азизамон Тоҷикистон содиқона хизмат карда истодаанд.
Муассисаи мазкур, ки дар замони истиқлолият таъсис ёфтааст. Дар давраи фаъолияти худ ҳазорон нафар кадрҳои баландихтисос ва ҷасуру далерро тайёр намудааст, ки онҳо дар лаҳзаҳои вазнину ҳассоси ҳаёти кишварамон ҳомиёни воқеии Ватан ва ҳимоятгарони манфиатҳои миллӣ будани хешро исбот кардаанд.
Дар Паёми худ Пешвои миллат оид ба вазъияти мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои минтақа андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар чунин шароит милитсияи тоҷик, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ ба таври қатъӣ мубориза баранд.
Ҳамзамон дар суханронии худ Сарвари давлат иброз доштанд, ки барои таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, гардиши ҳайриқонунии силоҳ, таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва масъалаҳои дигар дар назди мақомоти корҳои дохилӣ вогузоршуда кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хизматҳои шабонарӯзии хешро дареғ намедоранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём як нуқтаи бисёрҳам муҳимро дарҷ намуда гуфтанд: барои хизматҳои шабонарӯзӣ ва заҳмату талошҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри тенҷию оромии кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёд карда шавад.
Аз ин ғамхории Пешвои муазами миллат мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ махсусан ҳайати шахсии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ нуру илҳоми тоза гирифта минбаъда дар фаъолияти кории худ ҳушёриву зиракиро аз даст надода аз номи сардори Академия ва тамоми ҳйатии шахсии ин даргоҳи илму маърифат барои боз ҳам беҳтар гардидани шароиту осоиштагии мардум, тенҷиву оромӣ, сулҳу субот дар кишвар ва барои тарбия намудани кадрҳои баландихтисос хизматҳои шабонарӯзии худро дареғ намедорем ва ҳамеша кушиш менамоем ба Ватан, давлат ва миллат содиқ бошед, интизоми оҳанин, рӯҳияи матин, иродаи қавӣ ва азми қатъӣ дошта бошед.
Сулаймонзода Р.Н., муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия,
Ҳамрозода М.З., муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...