Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дасти сахо - амали инсонист!

60

Дар заминаи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи табақаҳои ниёзманди ҷомеа, алалхусус маъюбон ва ятимону пиронсолон дар таърихи 23 марти соли равон бо супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бахшида ба таҷлили ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» як чорабинии идона бо бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур, ки бевосита роҳбарият, омӯзгорон ва курсантону шунавандагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида буданд, ба хотири ҳарчи бештар болида гардонидани руҳияи пиронсолону маъюбони ин Муассисаи давлатӣ равона гардида буд.

61

Албатта, аввалин коре, ки роҳбарият ва омӯзгорону курсантони Академия анҷом доданд, ин ҳам бошад пурсиши аҳвол ва ҳамчун як фарзанди содиқи Ватан дасти ёрӣ дароз намудан ба пиронсолону маъюбони Муассисаи мазкур буд, ки албатта руҳияи онхоро хело хушҳол гардонида, ҳар лаҳза дуои хайр намуда, шукрона аз Пешвои муаззами миллат ва ободиву шукуфоии давлат менамуданд.

Ҳамзамон, барои бошандагони ин Муассиса дастархон ва хӯроки идона низ ташкил карда шуда, аз ҷониби дастаи ҳаваскорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон як намоиши ҳунарӣ ва консерти идона ба намоиш гузошта шуд, ки писанди ҳозирин гардид.
Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд ба садорати Муассисаи мазкур ва шахсан пиронсолону маъюбон таъкид намуданд, ки давлату миллат, алалхусус кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳеҷ гоҳ Шуморо фаромӯш намесозанд ва хизмати Шуморо ҳамчун ифтихор ва қарзи касбиву ҷавонмардӣ мепиндоранд.

62
Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти Муассиса ва чанд нафар аз пиронсолон ба сухан баромада, миннатдории самимии хешро шахсан ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории ҳамешагӣ ба маъюбон ва ятимону пиронсолон иброз намуданд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...