Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории семинарии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши милитсияи Тоҷикистон дар таъмини амният ва Ваҳдати миллӣ»

331

8-уми ноябри соли 2023 дар Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия семинарии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши милитсияи Тоҷикистон дар таъмини амният ва Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.332
Семинари илмӣ-назариявиро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал- майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, бахшида ба Рӯзи милитсияи Тоҷикистон ҳозиринро табрик намуд.
333Ҳамзамон дар кори семинари илмӣ–назариявӣ дар мавзӯи «Нақши милитсияи Тоҷикистон дар таъмини амният ва ваҳдати миллӣ» бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия, олимону муҳаққикон, омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Аз ҷумла, Самиев Н.М. - сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Милитсияи Тоҷикистон, дирӯз, имрӯз ва оянда» («Милиция Таджикистана: вчера, сегодня, завтра»); Муҳаммад С.А. - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.с, дотсент, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзӯи«Милитсия такягоҳи боэътимоди сохти конститутсионӣ»; Бойзода Ҷ.Ҷ. - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Такомули мақомоти сухторнишонӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ»; Самиъзода Б.С. - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Акадмияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Зарурати мутобиқсозии фаъолияти милитсияи тоҷик дар шароити нави таърихӣ»; Султонзода В.И. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, майори милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Милитсия сутуни давлат ва эътибори миллат»; Саидзода М.А. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, капитани милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Фаъолияти милитсияи тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатӣ»; Одинаев С.Р. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, капитани милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Таърихи милитсияи тоҷик қисми ҷудонашавандаи таърихи Тоҷикистон»; Шарипов М.Р. – курсанти курси 2-юми факултети №2 милитсияи қаторӣ, маърӯза дар мавзӯи «Милитсия ва ҷавонони кишвар»; қироати шеър дар васфи милитсия: иҷрокунандагон, курсантони курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Туронова Раъно, Қурбонова Омина ва Аҷиков Кароматулло, маърӯза намуда қайд намуданд, ки аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш милитсияи тоҷик то ба ин рӯз роҳи душвору сангинро тай намуда, дар саҳифаҳои таърихи худ қаҳрамониву мардонагӣ, садоқат ба Ватан ва касбу савганд нишон дода, имрӯз ба сипари боэътимоди халқу Ватан мубаддал гардидааст.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз мақомоте, ки сарфи назар аз вазъияти мураккаби сиёсӣ, фалаҷ будани мақомоти давлатӣ, набудани базаи моддӣ-техникӣ устувор истода, дар сафи пеши муборизаҳои сиёсӣ қарор гирифт мақомоти милитсияи тоҷик буд. Бояд зикр намуд, ки ибтидои таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ дорои саҳифаҳои гуногун, ки дар онҳо далерию шуҷоат, инсондӯстиву ватандорӣ ва ифтихору қаҳрамонӣ дарҷ гардидааст, мебошанд.
Албатта, масъулияту далерӣ, худшиносиву худогоҳии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот барои наслҳои имрӯзу ояндаи он ҳамчун мактаби омӯзиши садоқату ҷавонмардӣ, абадан боқӣ хоҳад монд.
Сухани хотимавиро, бошад муовини сардори Академия оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. анҷом дода, зикр намуд, ки мақомоти милитсияи тоҷик дар ҳама давру замони таърихи хеш вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ бар уҳда дошта, хушбахтона аз уҳдаи иҷрои чунин масъулият сарбаландона баромадааст.
Вобаста ба амалишавии қарор ва натиҷаҳои кори семинари мазкур бошад, қайд гардид, ки маърӯза ва пешниҳодоти ироагардидаро зарур аст, ки тавассути маҷаллаи илмии «Осори Академия», ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», нашрияи «Набзи милитсия», васоити техникӣ-ахборӣ дарҷ намуда, дар раванди таълим васеъ истифода бурда шаванд.
Султонзода В.И., муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...