Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон дар шаҳри Минск
Рӯзҳои 9-10-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи гурӯҳи экспертии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ оид ба тасдиқ намудани лоиҳаи Барномаи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи рафъи тундгароӣ (дерадикализатсия) барои солҳои 2025-2027, ки таҳиякунандаи он Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд ва лоиҳаҳои қарорҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ оид ба масъалаи мазкур баргузор гардид. Ташкилкунандаи ҷаласа – Кумитаи иҷроияи ИДМ буд.
Дар кори гурӯҳ ҳамчун эксперт ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – мутахассиси Академияи ВКД, профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. дар шакли он-лайн (маҷозӣ) иштирок намуда, оид ба санади мазкур андешаҳои асосноки худро баён кард ва бисёре аз пешниҳодҳои ӯ аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи корӣ, ки дар он мутахассисон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Беларуссия Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, ва Ӯзбекистон иштирок доштанд, қабул шуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр