Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат»

322

2-юми ноябри соли 2023 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат» ташкил ва баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.323
Чорабинии мазкурро муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ализода Алиҷон Шариф ҳусни оғоз бахшида иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосӣ, тақвиятдиҳандаи демократия ва батанзимдарорандаи муносибатҳо дар ҷомеа аст. Нақши ин санад дар устуворгардонии давлатдории миллӣ, баамалбарории ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муҳим мебошад. Кори конференсияро ҳамчун модератор сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ Мансур амалӣ намуд.
Дар идомаи кори конференсия бо маърӯзаҳо баромад намуданд:
324Раҷабзода Равшан Муҳитдин - Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент бо сухани ифтитоҳӣ;
Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо – судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент бо маърӯза дар мавзӯи «Моҳияти Конститутсия ва нақши он дар таҳкими асосҳои сохтори давлат ва низоми ҳуқуқии Тоҷикистон»;
Диноршоҳ Азиз Мусо – первый заместитель исполнительного директора, заместитель исполнительного директора по науке, инновациям и международному сотрудничеству филиала Московского государственного университета имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе, доктор юридических наук, профессор доклад на тему «Международные стандарты обеспечения прав человека в деятельности органов внутренних дел»;
Сангинзод Дониёр Шомаҳмад – муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор бо маърӯза дар мавзуи «Конститутсия ҳамчун манбаи ҳуқуқи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Асрорзода Зуҳуриддин – сардори Раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 бо маърӯза дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқии конститутсионии таъмини адолати судӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон»;
Мансурзода Амиршоҳ Мансур – сардори факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия бо маърӯза дар мавзуи «Баъзе аз масъалаҳои падидаи конститутсионализм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Содиқов Аҳад Мусоевич – сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзуи «Конститутсия ва рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Назарзода Давлатхон Қурбонмурод – декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент бо маърӯза дар мавзуи «Таносуби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ»;
Сафарзода Ҳаёт Саидамир – профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия бо маърӯза дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба экстремизм ва терроризм»;
Камолов Шехмаҳмад Ҳамзахонович – дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ бо маърӯза дар мавзуи «Конститутсия – қонуни асосии давлат асоси танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ»;
Ҳасанзода Наврӯз Сафарбек – сардори кафедраи фанҳои сиёсӣ-тарбиявии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник бо маърӯза дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ»;
Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич – дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент бо маърӯза дар мавзуи «Риояи принсипи қонуният дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила»;
Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич – ходими калони шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, полковники милитсия бо маърӯза дар мавзуи «Хусусиятҳои хоси қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаи сиёсӣ ва гуманистии он»;
Заробидинзода Сулаймон Заробидин – сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия бо маърӯза дар мавзуи «Баъзе масъалаҳои маҳдудкунии ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон дар Конститутсия»;
Одиназода Абдуғафор Шер – сардори факултети № 3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия бо маърӯза дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигарон.
Баромади иштирокчиён бо саволу ҷавобҳои зарурии мавзӯи конференсияи мазкур гузаронида шуда, баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи иштирокчиёни конференсия як қатор пешниҳодҳо барои такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...