ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ОМӮЗГОРУНУ КУРСАНТОН ДАР ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ «ҲОМИЁНИ ТАРТИБОТ»
Ба ҳамагон маълум аст, ки Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муасиссаҳои олии таълимӣ яке аз муасиссаи бонуфузи кишварамон дар самти тайёр ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар самти МКД маҳсуб меёбад.
Ин аст, ки дар муасиссаи мазкур дар баробари омӯзиши фанҳои таълимӣ ва ба роҳ мондани сатҳу сифати баланди таълим аз ҷониби омӯзгорону мутахассисони соҳа, ҳамзамон, ҳамасола бо дастгирӣ ва ташаббусҳои бевоситаи роҳбарияти он оид ба мавзуҳои ниҳоят мубрам конференсияву мизҳои мудавварҳои ҷумуҳуриявию байналмиллалӣ дар сатҳи баланд ташкил ва ба роҳ монда мешаванд.
Ба ғайр аз ин, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъияти илмии курсантон дар назди ҳамаи кафедраҳои таълимӣ фаъолият менамоянд, ки курсантон аз рӯйи шавқу ҳавасашон дар онҳо аъзо гардида, дар баргузори маҳфилҳои илмии онҳо фаъолона иштирок менамоянд.
Яке аз чунин ҷамъияти илмӣ ин «Ҳомиёни тартибот» маҳсуб меёбад, ки дар назди кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Ҷамъияти илмии мазкур бо шиору номҳои гуногун аз қабилӣ «Ҳомиёни Ватан», «Милитсия ҳомии тартибот», «Нозирони минтақавии ҷавон», «Идоракунандагони ҷавон» ва ғайра фаъолияти пурсамар дошта, дар баланд намудани шуури ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, садоқат ба халқу миллат, содиқ будан ба савганди низомӣ ва маҳорати эҷодии курсантон нақши арзанда гузошта истодааст.
Читавре ки дар боло қайд кардем, айни замон ҷамъияти илмии курсантон дар кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ бо номи «Ҳомиёни тартибот», ки бо ҳамовозии ҳамаи ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ интихоб карда шудааст, фаъолияти пурсамар дорад. Дар ҷамъияти илмии мазкур шумораи зиёди курсантон аъзо буда, дар маҳфилҳои илмии он фаъолона иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷамъияти илмии мазкур пайваста чорабиниҳои илмиро бо иштироки зиёди професорону омӯзорон ва курсантон ташкил намуда, дар ҷараёни он мавзуҳои мубрами соҳа мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.
Хусусан, дар санаи 25-уми октябри соли ҷорӣ дар доираи ҷамъияти илмии курсантон бо номи «Ҳомиёни тартибот» семинар-машварати илмӣ дар мавзуи «Фаъолияти институтҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар партави ислоҳоти милитсия» баргузор гардид.
Дар кори семинари илмӣ намояндагони шуъбаю бахшҳои гуногуни Академия, хусусан аз шуъбаи таълим, илм ва факултети № 2, инчунин ҳайати омӯзгорону профессорон ва курсантон иштирок доштанд. Дар оғози семинар муовини сардори факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Шарифзода С.Ш. баромад карда, иброз доштанд, ки раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дорад ва моро зарур аст, ки ҳарчи бештар ба сатҳу сифати таълим диққати ҷиддӣ дода, баҳри бозҳам баланд бардоштани донишҳои назариявию амалии курсантону шунавандагон саҳми арзандаи худро гузорем то онҳо пайрави ҳақиқӣ ва татбиқгари бевоситаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.
Дар кори семинари илмии мазкур сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Вализода Н.Д. дар мавзуи «Ҳадафи таъсиси шурои ҷамъиятӣ дар назди МКД дар давраи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон», муовини сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Шарифзода П.Р. дар мавзуи «Нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила дар раванди ислоҳоти милитсия», омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, лейтенанти калони милитсия Одиназода А.Ғ. дар мавзуи «Баъзе андешаҳо вобаста ба институтҳои ҷамъиятӣ дар марҳилаи ислоҳоти милитсия» ва лейтенанти милитсия Раҳимзода А.Р. дар мавзуи «Зарурати такмили институтҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар замони имрӯза», инчунин курсантони курси 3-юми факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон милитсионерони қаторӣ Яқубова М. дар мавзуи «Омӯзиш ва таҳлили институтҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар як қатор давлатҳои пешрафта» ва Табарзода М. дар мавзуи «Нақши дастёрони ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» баромад карда, андешаҳои судманди хешро манзури иштирокчиёни маҳфили илмӣ намуданд.
Бо сабаби он, ки мавзуҳои матраҳгардидаи муҳаққиқон дар замони имрӯза ниҳоят муҳим мебошанд ва онҳо ба раванди ислоҳоти милитсия, ки дар кишварамон дар сатҳи зарурӣ идома дорад таллам буданд, аз ҷониби ҳайати курсантону омӯзгорони дар семинар ширкаткунанда саволҳои ниҳоят муҳим ва саривақтӣ пешниҳоди маърузачиён карда шуд, ки ба онҳо мутахассисони баромадкунанда ҷавобҳои муфассал доданд. Ҳамзамон баъзе аз иштирокчиёни семинар фикру андешаҳои асосноки худро ҷиҳати рушди институтҳои ҷамъиятӣ пешниҳод намуданд.
Дар семинари мазкур иброз гардид, ки институтҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ пайвандгари боэътимоди байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва милитсия маҳсуб меёбанд ва онҳо манбаи афзоиши фаҳмиши ҳуқуқии шаҳрвандон, сарчашмаи иттилооти зарурӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо, пуштибони боэътимоди давлат, инчунин роҳи дурусти муайян намудани мушкилотҳои асосии ҷойдошта дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Дар фарҷоми семинари илмӣ ҷиҳати мукаммалгардонӣ ва бартараф намудани холигиҳои соҳаи мазкур як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд манзур карда шуданд, ки ба назари мо барои беҳтар намудани фаъолияти институтҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар партави ислоҳоти милитсия ниҳоят муҳим мебошанд.
1. Иброз гардид ки бояд тамоми фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ ташаббусҳои ҷамъиятӣ дошта бошанд, аммо таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки нақшаи кори онҳо аз ҷониби мақомот тасдиқ шуда, фаъолияташон аз ҷониби он назорат мешавад ва ин хусусиятҳои ташаббусҳои ҷамъиятии онҳоро то андозае коста менамояд.
2. Қайд карда шуд, ки вазифаҳое, ки ба души чунин шуроҳо гузошта мешавад ба якдигар бисёр монанд мебошанд, ки дар натиҷа миқёси кор дар фаъолияти онҳо ба таври назаррас амалӣ намегардад.
3. Ишора карда шуд, ки фаъолияти шуроҳои мазкур дар самти иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ хусусияти фармонфармоӣ дорад, ҳоло он ки дахолат ба фаъолияти онҳо бояд бо ҳеҷ ваҷҳ аз тарафи давлат амалӣ нагардад.
Бо назардошти андешаҳои дар боло матраҳгардида мо умед дорем ки бо мурури замон дар натиҷаи ислоҳоти милитсияе, ки дар кишварамон идома дорад ва он солҳои 2021-2025-ро фарогир мебошад, фаъолияти тамоми институтҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда мешавад.
Гуфтан ба ёдоварист, ки дар назди милитсия вазифаҳои муҳимму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ меистанд. Ва аз фурсат истифода бурда, ҳамаи кормандони бонангу номуси милитсия тоҷикро бо Иди касбӣ табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулиятатон ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу дорам.
Одиназода А.Ғ.
Омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, лейтенанти калони милитсия