Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар - машварати илмӣ оид ба ислоҳоти милитсия

318.jpg25-уми октябри соли 2023 бо ташабуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар синфхонаи 205 семинар – машварати илмӣ дар мавзӯи «Ташкил ва ташаккули фаъолияти институтҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар партави ислоҳоти милитсия» дар доираи ҷамъияти илмии кафедра бо иштироки курсантон ва Омӯзгорони Академия баргузор гардид.319.jpg
Семинар – машварати илмӣ бо сухани ифтитоҳии муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Шарифзода С.Ш., оғоз гардида қайд кард, ки аз соли 2013 то ин ҷониб дар мақомоти корҳои дохилӣ ислоҳоти милитсия гузаронида шуда истодааст ва алакай мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз натиҷаи ислоҳот баҳравар шуда истодаем аз қабили бинои нави муассисаи таълимии олии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тамоми шароити таълимӣ муҷаҳҳаз, мутахассисони баландихтисоси соҳаи мақомоти корҳои дохилиро омода карда истодааст ва дигар биноҳои маъмурии Раёсат ва шуъбаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудаанд. Инчунин таъминоти иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки қариб ҳамасола бо ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд.
320.jpgДар семинарӣ мазкур курсантони курси 3 Яқубова М., дар мавзӯи «Омӯзиш ва таҳлили институтҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар як қатор давлатҳои пешрафта» маъруза намуда, таҷрибаи ин давлатҳоро ба саҳми иштирокчиёнӣ семинар расонида, табодули афкор намуд. Инчунин сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, н.и.ҳ., майори милитсия Вализода Н.Д., дар мавзӯи «Ҳадафи таъсиси шурои ҷамъиятӣ дар назди МКД дар давраи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон», муовини сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., Шарифзода П.Р., майори милитсия дар мавзӯи «Нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила дар раванди ислоҳоти милитсия», курсанти курси 3 гуруҳи 303-и факултети №2, Табарзода М., дар мавзӯи «Нақши дастёрони ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, лейтенанти калони милитсия Одиназода А.Ғ., дар мавзӯи «Баъзе андешаҳо вобаста ба институтҳои ҷамъиятӣ дар марҳилаи ислоҳоти милитсия» ва муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, лейтенанти милитсия Раҳимзода А.Р., дар мавзӯи «Зарурияти такмили институтҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар замони имруза» бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
Дар охир иштирокчиён саволу ҷавоб намуда ба саволҳои худ аз баромадкунандагон маълумоти мушахассро гирифтанд. Бо ҳамин кори семинар – машварати илмӣ дар «Ташкил ва ташаккули фаъолияти институтҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар партави ислоҳоти милитсия» анҷом ёфт.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...