Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

314

25-уми октябри соли 2023 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва баргузор гардид.316
Дар семинари мазкур намояндагони муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: Академияи ВКД, МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД, Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД, Маркази таълимии ВКД, намояндагони РК ва КҲШ ВКД иштирок доштанд. Муассисаҳои мазкурро намояндагӣ карданд:
- н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло, сардори МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД;
- полковники милитсия Давлатзода Саидмуртазо Давлат, муовини сардори МДТ Коллеҷи милитсия оиди КҲШ;
- подполковники милитсия Баҳодурзода Юсуфбек Баҳодур, сардори шуъбаи таълими МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД;
- полковники хизмати дохилӣ Сайфуллозода Ҷанобуддин Сайфулло, муовини директори Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД;
317- подполковники хизмати дохилӣ Назарзода Зайнулло Назрӣ, сардори шуъбаи таълими Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД;
- подполковники хизмати дохилӣ Исоев Ҷонхон Абибуллоевич, сардори кафедраи фанҳои дақиқ ва забонҳои Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД;
- подполковники милитсия Шобулбулзода Саломатшо, муовини сардори бахши сафороии Маркази таълимии ВКД;
- капитани милитсия Асадхони Аҳадхон, муаллими калони сикли фанҳои касбии Маркази таълимии ВКД;
- лейтенанти калони милитсия Сафарова Хайринисо Одинаевна, муаллимаи сикл оид ба омодагии ҳуқуқии Маркази таълимии ВКД;
- полковникҳои милитсия Турсунзода Хуршед, Шарофиддинзода Ҳукмиддин Шарофиддин, сарнозирони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД;
- лейтенанти калони милитсия Қодирова Сабрина Вайсиддиновна, нозири калони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 12 нафар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кори семинарро муовини аввали сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода Алиҷон Шариф бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшиданд.
Дар кори семинари илмӣ-амалӣ бо маърӯзаҳо шахсони зерин баромад намуданд:
- муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон доир ба муаррифии лоиҳаи “Консепсияи рушди муассисаҳои таълимӣ ва илмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2043”;
- ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, полковники милитсия Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич дар мавзӯи “Омодасозии кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД, подполковники милитсия Самиъзода Бахтиёр Салим дар мавзӯи “Механизми амалисозии корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимии ВКД: таҳлил ва дурнамо”.
Инчунин дар рафти чорабинӣ сардори МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ва сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Заробидинзода Сулаймон Заробидин дар доираи мавзӯъҳои болозикр фикру ақидаҳои хешро баён намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи лоиҳаи “Консепсияи рушди муассисаҳои таълимӣ ва илмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2043” амалӣ гардонида шуда, ҷиҳати фаъолияти минбаъда ва рушди муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ мегузорад.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...