Маҳфили илмӣ дар мавзӯи «Иттилоот: намуд ва хосиятҳои он»
26-уми октябри соли равон маҳфили илмӣ дар мавзӯи «Иттилоот: намуд ва хосиятҳои он» бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва дигар кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои курсантони гурӯҳи 109 курси 1-уми факултети № 2 бо забони русӣ ва барои курсантони курси 1-уми факултети № 6 бо забони тоҷикӣ баргузор карда шуд.
Маҳфили илмиро бо сухани ифтитоҳӣ н.и.ҳ., подполковники милитсия Азимӣ У.А., сардори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети № 3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, баъдан маърӯза намуда, мафҳумҳои иттилоот, намудҳои он ва хоситяҳои онро ба пурраги ба иштирокчиён маълумоти муффасал дод.
Баъдан, дар кори маҳфили илмӣ курсантон фаъолона иштирок карда, дар мавзуъҳои вобаста ба технологияҳои информатсионӣ, аз ҷумла «Барномасозӣ. Забони барномасозӣ», «Киберсталкерҳо дар барномасозӣ», «Киберҷиноятҳо» бо забони русӣ баромадҳо намуданд. Ин қисмати маҳфил ба таври музокиравӣ бо додани саволҳои зиёд оид ба масъалаҳои инъикосгардида ва посухҳо ба ин саволҳои додашуда гузаронида шуд.
Кисмати дигари маҳфил ба таври викторина бо тариқи саволу ҷавоб вобаста ба мавзӯи маҳфил гузаронида шуд, ки иштирокчиён фаъолона ба ин саволҳо посух гардонида, сазовори мукофотҳо гардиданд.
Дар натиҷа маҳфили илмӣ самарабахш ҳисобида шуда, бо суханони ҷамъбастии н.и.ҳ., подполковники милитсия Азимӣ У.А. пӯшида эълон гардид.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.